Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ҳамин тариқ раиси ҷавон ба баҳор — ба имтиҳони душвори раҳбарӣ тайёрӣ дидан гирифт.
Барор буд, нобарорӣ буд, сахтиву мушкилӣ буд, гоҳо соатҳои ноумедӣ буд, аммо раиси ҷавон дар атрофи худ фаолони боғайратро ҷамъ карда, пасро пас мезад, пешро пеш мезаду хоҷагиро кам-кам ба роҳ мемонд.
Баъзан дар соатҳои мушкиливу ноумедӣ суханони раиси пештараи колхоз Солеҳ Бобоевро ба ёд меовард, ки ҳангоми ба кор сар кардани Азизов гуфта буд: “Эҳ, додар, ин кор одамро об мекунад. Одам оҳан бошад ҳам, об мекунад...” Мардак рост гуфта будаст. Аз ин беҳудакорӣ одам агар оҳан бошад ҳам, об мешавад...
Дар он айём ба дурустии тартиботи колхозӣ гӯё ҳеҷ кас шубҳа надошт, аммо ҳама медонистанд, ки аз он усули дӯлобкортаре нахоҳад буд.
...Ман ҳамроҳи раис дар идорахонаи ӯ нишаста, аз вазъи имрӯзаи колхоз савол мекунам.
Соли гузашта колхоз як миллиону ҳаштсад ҳазор сӯм даромад кардааст. Ман ин рақамро бо даромади колхоз дар соли 1971, ки сесаду шаст ҳазор сӯм буд, муқоиса намуда тахмини худро ба раис изҳор мекунам:
— Замини киштро зиёд кардед?
— Не, — эътироз мекунад раис, — замини кишти колхоз зиёд нашудаст. Замини илова мекарда нест. Акнун навбати дуюми канали Дилварзин ба кор дарояд, қариб ҳазору сад гектар замини нав мегирем. Аз ҳамон ҳисоб, қариб шашсад гектараш пахтазор мешавад.
— Ин хел бошад, коратон хеле пеш рафтаст. Қариб ду миллион даромад-а!
Ба хона марди лоғарандоми миёнасоле даромада, пас аз вохӯрӣ ба раис муроҷиат мекунад:
— Баъзе масъалаҳои ҳаллашон зарур буд...
— Ҳа, майлаш, шинед, — раис сипас, ба ман рӯ оварда шарҳ медиҳад: — Ин кас ҳисобдори колхозамон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё