Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Давлатмаҳмад Қурбонов. Даҳ кас бо сардории ин кас ба Масчоҳи кӯҳна рафта омаданд. Дар он ҷо як қисм чорво, боғу роғ дорем, шир, пилла, пашм тухм мегирем...
Аҳволро санҷида, бо райфо шартнома баста омадаанд.
Баъд раис соате бо ҳисобдор машғул шуду ман аз рӯи мизи ӯ шумораи нави маҷаллаи “Садои Шарқ”-ро гирифта варақ задам. Чашмам ба мақолае афтод, ки дар он роҷеъ ба китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” сухан мегуфт. Дирӯз бо раис дар хусуси ин китоб гуфтугӯ доштем. Ӯ, ки аслан факултети таърихро хатм кардааст, доир ба таърих дониши саҳеҳ дошт. Китоби “Тоҷикон”- ро хонда, аз мулоҳизаҳои амиқи олими маъруфи тоҷик изҳори мафтунӣ менамуд.
— Аммо як масъалаи бисёр муҳим фаромӯш шудаст ё муаллим бо ягон андеша ба он дахл накарданд, — гуфт ӯ андешамандона ба чашми ман нигариста. Маълум буд, ки вай дар ин хусус фикри маро фаҳмиданӣ аст.
— Чӣ гуфтаниед?
— Медонед... Вақтҳои охир баъзе таърихшиносони ӯзбек дидаю дониста далелҳои рӯз барин равшанро нодуруст тарҷеҳ менамоянд, бисёр санадҳоро хароб мекунанд. Як-ду китоби таърихшиносони ӯзбек ба дастам афтод, хонда ҳушам аз сар парид.
— Шумо гуфтаниед, ки чаро Бобоҷон Ғафуров ба ингуна вайронкорон ҷавобе надодааст, танқид накардааст? Рост не? Китоби Ғафуров ба ҳамаи он сохтакорон ҷавоб додааст. Китоб саросар баҳс аст, исбот аст. Ҳамаи он далелҳо, барои танқид ва маҳкум кардани ҳамон таърихшиносони сохтакор оварда шудааст.
— Боз номашро гирифта танқид кунанд, нағз буд.
— Онҳо чандон одамони ном гирифта, баҳс мекарда нестанд.
— Рост мегӯед, — иқрор кард Азизов.
Раис гуфтугӯяшро бо ҳисобдор поён накарда аз дар як зани миёнасоли хушандом даромад.

пешина
аз 393
навбатӣ