Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
нишастам. Ба киштзори сабзу хуррам нигаристан ҳам кайфе дорад. Махсусан, агар киштзор дар авҷ бошаду аз обу ғизо сер бошад, ранги он дигар хел метофтаст.
Деҳқонон киштзори ташнаро “нолидаст” мегӯянд, ки ин бесабаб нест. Нолаи ниҳолҳои ташна ба гӯш нарасад ҳам, ба кайфияти инсон таъсир дорад. Кӣ медонад, балки деҳқонони кордида нолаи онро мешунидагистанд...
Ба ин ҷо обро бо қубурҳои оҳанӣ овардаанд. Замин регзор аст, агар ҷӯй кати об оварданӣ шаванд, ними зиёди обро регзор кашида мегирад. Дар сари ҳар як қитъа даҳанае мондаанд, ки бо калиди махсус онро кушода, ба пахтазор об мемонанд. Ба фикрам, чораи хуб ёфтаанд.
Ин усулро на танҳо дар заминҳои регзор, балки дар заминҳои муқаррарӣ ҳам ба кор бурдан лозим. Об аз ҳар чӣ қимат аст, онро дар шароити мо ҳар қадар сарфаву саришта кунед, ки кам аст. Дар ҳар як колхоз чи қадар заминҳо аз нарасидани об сӯхтаву бирён гашта, беҳуда, нообод хобидаанд. Агар об мерасид, он заминҳо бекора набуданд, ҳеҷ набошад, боғи мевазор ё худ дарахтони сояафкан шинонда, дар он ҷо барои бачаҳо истироҳатгоҳ сохтан мумкин буд. Аслан об ҳам, замин ҳам бесоҳиб, аз бесоҳибӣ баракаташ нест. Агар дар қад-қади ин ҷӯйборон сафедор ё қарағай шинонанд, ҳама бо чӯби бинокорӣ таъмин мешаванд...
Азизов дар ду чанголаш сарнавдаи ғӯза аз пахтазор баромада омад. Баргҳои нав кушодашударо ба ман пеш оварда гуфт:
— Ба ин баргҳо нигаред... Бодиққат нигаред...
Ман чанд шохчаро ба даст гирифта зеҳн мондам, аммо ҳеҷ чизро пай набурда, бо назари савол ба раис нигаристам.
— Ана, ин чизро дидед? — вай ба нуқтаи хурдакаке, ки дар рӯи барги навкушода ноаён меҷунбид, ишора кард. Баъд дигарҳояшро нишон дод.
Як шеъри Ҷонатон Свифт ба хотирам расид, ки ӯ чи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё