Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

рафтем. Комбайн ҷуворӣ дарав мекарду онро реза карда ба рӯи аробаи симтӯркашидае мерехт, ки он аз паҳлӯи комбайн бо суръати он баробар мегашт. Ҷуворӣ бағоят кад кашида, баъзе ҷойҳои онро шамол хобонда буд. Аз чи сабаб бошад, ки комбайн ҷувориро тоза дарав накарда, як қисми онро дар зери чархҳо поймол карда мерафт.
— Ин комбайн барои трактори ДТ-54 аст. Суръати гашти ДТ-75 тезтар — комбайнро аз кор боздошта фаҳмонд раис. — Бинобарон, теғҳоро зич карда бисёртар гузоред.
Вай ҳамроҳи комбайнчӣ ба сари мошин рафта, тартиби теғҳои онро чигуна дигар кардан даркор, фаҳмонду баъд таъинот дод:
— Ҷуворӣ зери по шудаст. Ба ин аҳвол баракааш мепарад, казоӣ силос ҳам намегиред. Аз паси комбайн зуд КИР андозеду ҳамаашро ҷамъ карда гиред.
Бояд кайд кард, ки заминҳои Дилварзин, асосан, дар нишебӣ воқеъ афтодааст. Ба замми нишебӣ, қасд кардаги барин аксар замини регзор. Дар ин ҷо замини саросар, ҳамворро намеёбед. Замини бригадаи Давлат Сафаров аз ҳама поён — дар сарҳади ду ҷумҳурият — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доман кашидааст.
Ба ҳудуди пахтазори ин бригада медароеду ҳис мекунед, ки ҳама кор дар ин ҷо дигар хелтар — батартиб, ниҳолҳои пахтазор қариб, ки бехато, зич, атрофи замин аз алафи бегона тоза шудааст, дар ҳар қадам хирманхирман поруи бехта барои мошинаи порукашӣ тайёр карда шуда даруни тирҷӯйҳо тӯда-тӯда пору барои шарбатдиҳӣ — хулоса, ҳама кори саркори ордендор дар назар аз дигарон фарқ мекард. Мо — аксар ба чунин номдорон, ба заҳмати ҳалоли онон шубҳаангез менигарем, зеро сири баъзеи онҳоро донистаем — бо кӯмаки раису райком байрақбардору қаҳрамон гаштаанд.
Раис дар нимроҳ аз мошин фуромаду ба пахтазор даромада, ҳар ҷо — ҳар ҷои онро санҷида, хеле дур рафт.
Ман ба тамошои ин манзараи сабзи беканор машғул ме

пешина
аз 393
навбатӣ