Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нигаристанам хатои авфнопазир аст. Мардум аз ман суруду таронаҳои рӯҳафзо талаб доранд.
Оқибат соли 1974 вай ба амри дили худ сар фуроварду ба ансамбли “Гулшан” омад. Ҳамкорӣ бо созандагону ҳофизони маъруф, сафарҳои ҳунарӣ ба шаҳру кишварҳои гуногун ҳунар ва истеъдоди ӯро гӯё ба шоҳроҳи бузург оварданд. Чашмаи таронаю нағмаҳои шодӣ гӯё дар синаи ӯ асир буду якбора раҳ ёфта, берун омад. Тарона аз паси тарона, яке аз дигаре дилошӯбтар, тозабаён, самимӣ ва дилрас, эҷод мекарду сурудҳои ӯ ба ҳар дил ҳамсадо мегашт.
Муқаддас Набиева таронаҳои рӯҳафзои тоҷикиро ба Франция бурд, дар саҳнаҳои Полша, як қатор республикаҳои бародар хонд. Не, фақат хонд гуфтан ғалат... Ӯ дар шаҳри Па Де Кале бо дархости дӯстон ба бетобиаш нигоҳ накарда дар саҳна таронаҳои дилписанди худ “Тарки ёри кардӣ”, “Духтари дарё”, “Шайтонакро” мехонду мерақсид ва сомеон барои ӯ аз дилу ҷон кафкӯбӣ мекарданд.
Моҳи маи соли 1977 рӯзҳои ҳунари Тоҷикистон дар Москва баргузор гардиданд. Онҳое, ки он рӯзҳо ба ВДНХ мерафтанд, тамоми рӯз аз радио овози ин хонандаи хушлаҳҷаи тоҷикро бо ҳавои фалакии кӯлобӣ, бо суханони комилан дилраси мардуми ин диёр мешуниданд ва аз зери карнайҳои радио дур рафта наметавонистанд.

Тоқӣ ба сарат, тоқии шоҳӣ ба сарат,
Шиштум сари кӯчаҳо, ки пурсам хабарат.
Шиштум сари кӯчаҳо наомад хабарут,
Беаҳд будаӣ, бача, бирезад ҷигарат.

Онҳо чаҳор хоҳаронанд. Яке — инженер, дигаре — духтур, сеюмӣ — актрисаи театр... Худи ӯ — ҳофизаи хушилҳом. (“Спорт аз ман ранҷида монд” — мегӯяд ӯ).
Монанди ҳамаи ҳофизони хушсалиқа Муқаддас ҳам шеърдону шеъргӯй аст. Ҳамроҳи ӯ соатҳои дароз байтба-

пешина
аз 393
навбатӣ