Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
рак кардан мумкин аст ва ҳаргиз байтеро такрор намехонад ва мағлуб намешавад. Аз осори лафзии халқ дубайтиҳои мардуми Кӯлобро, метавон гуфт, ки комилан дар ёд дорад.
Ӯ аз шоирони пешин ашъори Ҳилолиро бағоят меписандад ва хеле ғазалҳои ин шоири нозукадоро тараннум мекунад. Сурудҳои тозаи ӯ, ки алҳол дар назди умум нахондааст, бештар аз таронаҳои халқӣ ва ғазалҳои Ҳилолӣ иборатанд.
Артисткаи Хизматнишондодаи республика Муқаддас Набиева аз зумраи он соҳибистеъдодҳои ҷавон аст, ки халқи мо бо ҳунари ӯ мефахрад, меболад, ӯро духтари ҳамдарду ҳамрози худ мешиносад, истеъдоди ӯро сарвати бебаҳои худ медонад. Шеъру оҳанг, ҳавои дилошӯби таронаҳои ӯ чи сире доранд, ки инқадар писанди умум гаштаанд? Фақат аз таъсири овози хуши ӯ? Не. Бар асари овози дилнишин, сурудҳои ӯ комилан ба завқи халқ мувофиқ, ба рӯҳи ӯ созгор, гӯё аз умқи дили мардум бархостааст. Ҳавои таронаҳои ӯро бо ҳавои дигарон омехтан нашавад.
Таронаҳои ба тозагӣ ба лента сабт гардидаи ӯро шунида аз қабили “Хоҳам, ки ба зери қадамат зор бимирам” (ғазали Ҳилолӣ) ба чашмаи саршори истеъдоди ӯ мафтун мешавед.
Мардуми тоҷик аз ин духтари ҳунарвари худ таронаҳои зиёди дилошӯб чашмдор аст, умедвориаш қавист, ки басо мулоқоти ҳаяҷонбахш ва сурурангез бо Муқаддас дар пеш аст.
1979

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё