Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ЧАРОҒИ САБЗ

“Волга”-и сафеди дарҳояш бо катакчаҳои шоҳмот зинаёфта дар сари роҳ қарор гирифту аз он марде шитобон баромад ва ба тарафи бинои чаҳорошёнаи рӯ ба рӯ рафт. Ронанда — зани миёнсоли ба мӯйҳояш сафедӣ панҷа задагӣ, аз кабина баромада, ба пайраҳа гузашт ва дар сояи дарахтон қадам задан гирифт.
Кӯчаи шаҳри калон монанди ҳамеша пурмошин, пурмағал, серравуо... Аммо дар байни ин сели беохир ҳамкорон мошини ӯро зуд пай бурда гаштанашро суст мекарданд.
— Чӣ гап, тинҷӣ? — мепурсад яке аз таксиронҳо аз тиреза сар бароварда.
— Ёрӣ диҳам, Хайрӣ-апа? — мепурсад ҷавони дигаре мошинро дар рӯ ба рӯи вай оҳиста ғелонда ва дар ҷавоб изҳори миннатдорӣ шунида, наистода мегузарад.
То вақте ки Хайрӣ-апа аз ин ҷо намеравад, аҳвол ҳамин: ҳамкорон аз назди мошини дар роҳ истодаи вай бепарво гузашта намераванд. Вай ба дарди онҳо ҳаргиз бепарво набуд.
Дар иттиҳодияи якуми нақлиёти мусофиркашонии Душанбе занону духтаронро ба ангушт мешуморед. Чӣ ҷои тааҷҷуб, кори мошинронӣ дасту бозуи мардона металабад. Махсусан таксиронӣ, ки шабгардӣ ҳам дорад ба занҳо ҳеҷ мувофиқ нест.
— Бисту шаш сол пеш аз ин ба сари чанбари фармони мошин нишастани духтари тоҷик воқеаи муқаррарӣ набуд: Хайрӣ мошинро ронда аз кӯчаи шаҳр гузарад, ба сӯи вай ҳама менигаристанд. Он солҳо мошини навбатдори таксобазаро меронд. Падару модар ба касбу кори мардонаи вай ҳеҷ розӣ набуданд. Падар на як бору ду бор ӯро насиҳат кард, фаҳмонд, таҳдид намуд.
Он суханони вай ҳанӯз ҳам гӯё, дар гӯши Хайрӣ садо медиҳанд: “Духтарам, ҳушатро ба ҷояш биёр, охир, ҳар

пешина
аз 393
навбатӣ