Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
— Касеро ба ҷое бурдан ҳам гап шуд! Ана, духтур гапи дигар. Ё муаллим...
— Аз бурдан то бурдан фарқ ҳаст. Одамон ҳамеша аз хизмати шумо мамнунанд, аз мошинатон бо табъи чоқ мефуроянд.
— Ман дар қатори сайёҳон дар Республикаи Демократии Германия будам, — мегӯяд Хайринисо-апа суханро бурида. — Тартиби кори онҳо хеле беҳтар аст. Мошинсаворон пиёдагардонро бағоят эҳтиром мекунанд.
Пиёдагард ҳам қоидаро вайрон карда ба роҳи мошингард намебарояд. Ронандагон чунон батартиб, бе ҳеҷ саросемагӣ, орому батамкин мошин меронанд. Махсусан, дар ҷойҳои бензингирӣ тартиби корашон ба ман писанд омад. Ягон қатра бензин ба замин намерезад. Ҳама бонавбат, ором... Сонӣ, роҳашон ҳам — роҳ-дия!.. Равған рехта лесидагӣ барин. Дар масъалаи роҳи автомобил вазъият дар республикаи мо, ба назарам, чандон хуб не.
Бигирем, роҳҳои шаҳрамонро: асфалти кӯчаи Ленин як навъ. Ҳамин ки аз кӯчаи Ленин ба ягон кӯчаи мобайнӣ тоб хӯред, пасту баланду бардору зан сар мешавад. Баъзан чоҳҳоро муддатҳо бесарпӯш мемонанд. Дар пойтахти республика аҳвол ин хел бошад, дар шаҳру деҳоти дурдаст чӣ ҳол аст, худатон тасаввур кунед. Соли гузашта дар кӯчаи “Неъмат Қаробоев”, сарпӯши қубуреро гирифтанду дар мобайни роҳ даҳани танӯр барин чоҳ як соли расо кушодагӣ истод. Чӣ қадар мошинҳоро абгор кард!..
Хайринисо-апа аз ҳар хусус бо шавқ сӯҳбат мекунад, дар сари фармони мошин гувоҳи воқеаҳои аҷибу ғариб будааст.
Ҳамкорон аз ваҷҳи тозагии мошини ӯ, мошинро созу батартиб доштани вай ба ӯ қоиланд. “Аз афти кор, агар мошинро зан ронад, ҳамин хел нармрафтор мешавад-чӣ?! Хайринисо, як-ду рӯз мошини маро ронед, шояд ҳамин мошини шумо барин мулоим шавад,” — мегуфт як нафар ронандаи ҳамсинни ӯ. Аммо Хайринисо-апа ин хел

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё