Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
тавсифу таърифҳоро инкор мекунад.
— Гапи беҳуда... Зан гуфта, аз рӯи эҳтиром ба ман мошини созро медиҳанд, — мегӯяд вай табассум карда.
Вақте ки мо аз хусуси иҷораи план сухан сар кардем, Хайринисо-апа ҳеҷ рағбат зоҳир накарду мухтасар гуфт:
— Ман дар бораи иҷрои план фикр намекунам.
Аслан, аз ин бобат фикр накунед ҳам, мешавад. Дар бораи хизмати хубу нек бояд фикр кард. Он гоҳ мошини шумо бекор намеистад ва план ҳам иҷро мешавад.
Ӯ дар хона зани ҳалим, модари меҳрубон аст. Чор фарзанди Хайринисо-апа — ҳама босаодат, бомаърифат, монанди модари худ меҳнатдӯстанд. Яке — духтур, дигаре — донишҷӯ, сеюмӣ — таббох, — хулоса ҳама аз паи кору бор, орзӯю ниятҳои наҷиб талош доранд.
Дар охир, вақте ки хоҳиши таксирони кордон Хайринисо Турсуноваро пурсидем, ӯ табассум карду гуфт:
— Ҳоло ҳама босаводанд, китобу журнал мехонанд.
Ҳамин як хоҳиши маро ба диққати кормандони ГАИ расонед: дар шаҳр вақтҳои охир аломати манъи таваққуф ниҳоят афзудаст. Мардум ба мошини ман савор мешаванду хоҳиш мекунанд, ки ба назди фалон магазин барам. Аммо дар назди аксарияти магазинҳои калон аломати манъ! Ҳатто дар гирдогирди бозори Шоҳмансур — аз чор тараф ингуна аломат гузоштаанд. Дар кӯчаҳои борики қадимии Москва ё Берлин ин хел аломат бисёр не...
Ронандаҳои моҳир кӯшиш мекунанд, ки мудом ба чорраҳа бо даргирифтани чароғи сабз расида оянд. Барои ронанда чароғи сабз муродифи роҳи сафед аст. Бинобарон, ба Хайринисо-апа ҳангоми хайрухуш гуфтам:
— Мудом раҳатон сабз бошад!
1979

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё