Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дорост гуфтаанд, вале асосан, ба боғи биҳишт маъруф аст. Ҳофиз мегӯяд:

Ман малак будаму фирдавси барин ҷоям буд,
Одам овард дар ин дайри харобободам.

Шоир гуфтааст: ман малак будаму ҷои ман дар биҳишти барин (аъло) буд, вале ҳазрати одам бо гуноҳи худ рондаи биҳишт гашту ман ҳам ба ин дунёи хароб афтодаам.
Дар ин байти шоир Убайди Зоконӣ ҳам калимаи “Фирдавс” ба маънии “биҳишт” омадааст:

Намеандешам аз дӯзах ба як ҷав,
На бар фирдавсу ризвон мебарам рашк.

Дар адабиёт таъбири “равзаи фирдавс”, яъне “боғи биҳишт” машҳур аст.
Бо калимоти форсию тоҷикӣ ва арабӣ миллатҳои гуногуни олам ба фарзандонашон ном мегузоранд. Дар тӯли бисёр асрҳо забони форсӣ ва арабӣ забони илмию адабӣ ва динию мазҳабии бисёр қавму миллатҳо буд ва ин ҳодиса ба ҳаёти онон беасар нагузаштааст. Вале чунин ҳол ба мушоҳада мерасад, ки ҳар яке аз ин миллатҳо бо номҳои худ аз дигарӣ тофовут мекунад. Бигирем, номҳои тоторӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қавмҳои Кафкози Шимолӣ ва ғайраро: агарчӣ ин мардум дар номгузорӣ бештар калимоти арабӣ ё форсӣ-тоҷикиро асос гирифтаанд, ҳамеша онҳо аз якдигар фарқ доранд ва ин фарқҳо гуногунанд. Алалхусус, агар баъзе номҳо агар хоси мардуми тотор гашта бошанд, баъзеи дигар махсуси озариҳо ва ё ӯзбекҳо аст. Бешак, дар миён номҳои ба тамоми ин кавмҳо хос ва умумӣ низ ҳастанд. Чунон ки шеъри Турсунзодаро бо вуҷуди он, ки комилан форсист, бо осори ҳеҷ яке аз шуарои форсизабони берун аз ҳудуди Тоҷикистон омехтан наметавонем, номҳои тоҷикӣ низ ҷиҳатҳои

пешина
аз 393
навбатӣ