Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Гулбаҳор, Гулсифат, Сабо, Ситора, Даврӣ, Моҳира, Боғӣ Ҳаловат, Маъмура, Алоҳида, Занҷир, Ҳусноро, Мижгон, Дармон, Меҳрангез, Диловез... Номи мардон ҳам сифату маънӣ ва рангу бори хоси ҷавонмардонро дорад: Ҷасур, Ҷовид, Ғайрат, Нусрат, Комрон, Даврон, Паймон, Симо, Сино, Довар, Сарвар, Лутфиёр.
Гуногунӣ ва рангорангии ном дар забони мо ба ҳаддест, ки чандин номномаҳо тартиб додаанд.
Бо вуҷуди ин ҳама, мардуми мо аз қадим ҳангоми ба фарзанд ном додан бо андеша ва фаросат аз аҳли илму адаб, аз мардуми китобхону донишманд маслиҳат мепурсидаанд, ҳеҷ набошад, аз мулло ё мударриси хушсаводи деҳа хоҳиш мекардаанд, вай аз китоб барои фарзанди онон номи мувофиқе ҷуяд. Ба ҳамин васила номҳои нағзу сара дар ҳеҷ давру замон кам набудаанд. Вале мутаассиф, ки дар баъзе маҳал бар асари камии одамони китобхон ва хушсавод номҳо якранг, берӯҳу беназокат низ буданд.
Болта, Табар, Сангак, Сафол, Бӯрон, Чӯлибой аз ин қабил номҳоянд. Як силсила номҳое, ки кайҳо ғубори кӯҳнагӣ ба рӯи онҳо нишастааст, хушбахттона имрӯз кам мешаванд.
Дар ивази ин қабил номҳои баъзан хандаовар, баъзан дурушту гуфтанаш мушкил, ки бӯе аз асорату ҷаҳолати маънавӣ доранд, номҳои фасеҳу бамаънӣ, рехтаву боназокат беш аз ҷорӣ ва расм мешаванд. Ҳоло дар бобати номгузорӣ ақида ва назари гуногун, равишҳои мухталиф ба назар мерасанд. Агар гурӯҳе толиби номҳои тозаи имрӯзӣ бошанд, тоифае ба номҳои ашхоси таърихӣ, аз қабили Хусрав, Парвез, Сосон, Сомон, Саъдӣ, Ҳофиз, Тахмина, Манижа, Рухшона, Рудоба моиланд. Дар ин миён баъзан мазмуни калимоти кӯҳнаро нафаҳмидани бахше аз номгузорон низ ба назар мерасад.
Масалан, баъзе касон ба писар “Фирдавс” ном додаанд.
Ҳарчанд, ки ин калима дар луғат маънии “боғ”-ро ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё