Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ВАҚТИ МО – НАҚДИ МОСТ

Мо — ҳама нек медонем, ки азизтарин ва қиматтарин сарвати одамӣ вақт аст. Дар ин маънӣ кадоме аз файласуфони пешин хеле хуб овардааст: “Алҳақ бузургвор аст, он ки қиммати вақт мешиносад.” Умри мо аз солу моҳҳо, ҳафтаҳо, рӯзҳо ва соату дақиқаҳо таркиб ёфтааст. Аз овони кӯдакӣ то домани пирӣ ҳамин соату дақиқаҳо дар қасри шукӯҳманди умр хишти мазмун буда, таҷассуми ҳаёти мо, боиси ифтихор ё надомати моанд.
Маро аҷаб меояд, ки баъзан басо мардуми оқилу зирак либос, ашё ва пули худро ба сарфа харҷ мекунанд, эҳтиёт медоранд, вале гаронтарин неъмати рӯзгори худ
— умрро бемиқдор ва беоқибат зоеъ мекунанд, ҳар шабу рӯз беҳуда, бематлаб онро ба бод медиҳанд. Ин хислат аз камоли беҳикматию беғайратӣ аст.
Яке ҳатман 15 дақиқа ба кор дер меояд, 15 дақиқа барвақт меравад ва агар аз ин хусус ӯро маломат кунанд, тааҷҷуб мекунад — 15 дақиқа ҳам гап шуд! Хӯрдагирӣ!
Ин турфа одамон дар тасаввур овардан наметавонанд, ки агар дар саросари Ватанамон ҳар рӯз, аҳли кор як дақиқагӣ ба кор дер оянд, зиёни ин баробари он аст, ки 200 ҳазор тан коргарон як рӯз ба кор наоянд. Ин одамон ҳеч дар тасаввур овардан наметавонанд, ки дар як дақиқа дар ватан 280 тонна пӯлод мегудозанд, 235 тонна цемент,
4 автомобил, 16 телевизор мебароранд, 21 ҳазор метри мураббаъ матоъ мебофанд. Ин рақамҳо аз рӯи ҳисоби соли гузашта аст. Қимати дақиқаи кори мо рӯзафзун аст.
Ҳайф аст, ки инсон дар чунин ватани аҳли заҳмату амал дақиқаю соатҳои гаронсангро беҳуда ба сар барад.
Ба назари ман чунин мерасад, ки баъзе одамон сирф барои музде ситонидан ба коргаҳи худ меоянду мераванд. Агар матлаби инсон аз кору амал фақат муздгирӣ мебуд, ӯро аз ҳайвон, ки он ҳам аз саҳар то шом дар паи

пешина
аз 393
навбатӣ