Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ризқу рӯзӣ такудав мекунад, тавофут кам буд. Инсон ба ҷуз музду манфиати худ боз барои он саргарми шуғлест, ки мардум аз кори ӯ баҳрае мегиранд ва ин ҳол ӯро қаноатмандӣ ва шарафу обрӯй меоварад. Инсони бешараф дар назари ҷамъият аз ҳар чӣ залилтар ва хортар ҷилва мекунад.
Ман даҳ сол аз ин муқаддам дар идорае мудири шӯъба будам. Дар он шӯъба ҷуз ман боз шаш нафар ходимон кор мекарданд. Ду тан аз онон ба кори худ сидқан мекӯшиданд, вазифаи худро ҳатталимкон пухтаю саҳеҳ ба иҷро мерасониданд, ду тани дигар андаке сарамдилам бошад ҳам, бо талабу таъкид бори худро ба дӯши худ мекашиданд, вале ду тани дигар, метавон гуфт, ҳеҷ кореро ба дурустӣ ба субот намерасониданд. Ин ду нафари охирӣ на қобили иҷрои кори худ буданд ва на рағбати омӯхтану ибрат гирифтанро доштанд. Яке аз онҳоро аксар ҳангом аз идора ёфтан амри муҳол буд — пагоҳӣ дер ба кор меомад, саросема бо ҳамкорон салом мекард, вазъи ҳолро мефаҳмиду баҳонае пеш меовард ва ё бештарин ҳангом ба маҷлисе ё машварате банд шудани мудирро мепоиду аз паи кору бори беохири худ мерафт.
Агар аз ӯ риояи танзими корро талаб кунед, филфавр чандин баҳонаю сабаб пеш меовард. Ба вай на сухани сахт асар дошту на маслиҳати дӯстона. Ӯ рӯзи худро бо чӣ даву ғеҷи беҳосил, аз паи чӣ муроде мегузаронд, касе намедонист.
Дигаре навъи баракси ин аъҷуба буд: дар соати муқаррарӣ ба кор меомад, баробари дигарон ба пешинихӯрӣ мерафт, бегоҳӣ ҳам аз ҳама қафо идораро тарк мекард, вале аз дасти ӯ ҳеҷ коре созу сомон намегирифт.
Ба мисоли рафиқи пурдавуғеҷи худ мақоларо аз дасти муаллиф мегирифт, мехонд ё не — ба чоп месупурд ва оварда рӯи мизи мудир мегузошт, ки ин корро котибаи шӯъба ҳам ба субот расонида метавонист. Дар натиҷаи ҳаромкорию саҳландешии ин касон мо баъзан ночор ме

пешина
аз 393
навбатӣ