Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мондему амали худро пучу бемазмун, дилгиру нодаркор мекардем, яъне аз кори ин касон ба халқу давлат фоида не, зарар мерасид.
Чун кор аз кор гузашт ва аз тавфиқи ин ду тан умедҳоро буридем, мо ба чораҳои шадидтар даст задем.
Чӣ мегӯем, ки ҳамкорон аз ҳар сӯ ба ҳимояи он ду тан сар бардошта, моро таънаву сарзаниш мекарданд. Чунин ба назар мерасид, ки ин ду тан ходимони бечора аз сахтгирии мо ҷабр мекашанд. Чунин менамуд, ки онҳо не, мо гунаҳгорем. Ҳатто яке аз роҳбарони идораамон норозигии моро ба эътибор нагирифта, яке аз он ду танро баробари ходимони пухтакору ғайратманд бо подоши пулӣ сарфароз кард. Мо пай бурдем, ки ин тоифа коршиканон ҳам ба ҳам муттафиқанд.
Аз коҳилӣ ва беғайратӣ кас ба мурод намерасад ва бо бебандуборӣ ҷамъиятро бардавом фирефтан натавон.
Ин касон пайваста аз коре ба коре мегузаранд, ба чандин шуғул даст мезананд, худро раддубадал мекунанд, вале аз кору амали онҳо дар ҳама ҷо на худ манфиате мебинанду на ҷамъият баҳрае мебардорад.
Ман ҳар боре, ки дар саҳнаи театр тамошои беҳунаронаро мебинам, дар саҳифаи рӯзномаҳо дар барин–дар барин мақолаву очеркҳои пучу бетаъсирро мутолаа мекунам, аз радиову телевизион гуфтору намоишҳои соддалавҳона ва гапфурӯшиҳои хушку холиро менигарам, китобҳои пурғалат, аз мазмуну матлаб холӣ ва аз ҳунари нависандагӣ бебаҳраро варақ мезанаму ҳайфи қоғаз мегӯям ё филмҳои соддалавҳонаи тоҷикро тамошо мекунаму дилтанг мешавам, ҳамон ду тан ҳамкори собиқам пеши назар меоянд.
Инчунин ашхоси беаҳамият ва бефарҷом на фақат дар идораҳо, балки дар корхонаҳо, магазину ошхонаҳо, бемористонҳо — дар ҳама ҷо дучор меоянд. Агар ба магазин ворид шавед, аз ду-се тан фурӯшандагон ҳатман яке дар сари кор нест, дар ошхона пешхизмат, дар кор-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё