Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақти кор ҳам монанди дигар неъмати ҷамъият қимат аст, ва баҳои он аз пулу ашё гаронтар аст.
Сипас, чаро мо ба дуздони вақт муросо мекунем?
Муддате қабл аз ин барои истиқболи меҳмоне ба истгоҳи поезд баромадам. Ҷавоне дар он миён аз мусофирон хоҳиш дошт, ки агар даркор набошад, билеташонро ба ӯ диҳанд. Ба чеҳраи он ҷавон менигаристаму як тан аз шиносонам ба хотир расид, ки доим дар ҷайб шаҳодатномаҳои тайёри сафарӣ дошт ва агар ба ҳар ноҳияе ба меҳмонӣ ё барои аёдати хешовандонаш мерафт, яке аз он шаҳодатномаҳои сохтаро мӯҳру имзо карда меомад. Баъзан аз паи ин ҳавас мошину ронандаи идорааш ҳам саргардон мегаштанд. Инчунин ашхос ба халқу давлат чӣ қадар зиён меоварданд, чӣ корҳои муҳимро сакта меандозанд дар тасаввур овардан мушкил аст. Ман аминам дар он идора барои сафарҳои зарурӣ ва муҳими дигарон маблағи сафар намерасидагист.
Имрӯз инчунин бемасъулиятӣ ва бебандуборӣ ба ҳадде расида, ки ҳатто баъзан ба “Ёрии фаврӣ” занг мезанеду телефонро касе намебардорад. Муддатҳост, ки аз аэропорти Душанбе ба василаи телефон хабар пурсидан амри муҳол аст.
Мушоҳада далел аст, ки интизоми кор ва сифати неку бади он дар корхона ва идораҳо ба тартиби кори сардорони муассисаҳо вабастагии маҳз дорад. Бигирем, дар корхонае, ки коргари кордону ҳунарманд ва коҳилу фурсатфарсой баробар музд мегиранд ва аввалӣ аз сонӣ ҳеҷ имтиёзе надорад, дилгармӣ ба кор ва рағбату ибтикор аз миён бардошта хоҳад шуд.
Дар замони худ В.И.Ленин бо як навъ ҳисси пешбинӣ навишта буд: “... агар мо коргарону деҳқононро одилона интизом омӯхтанием, мебояд, ки сараввал худамонро тартибу интизом биомӯзем.” Дар корхона ва муассисае, ки дӯлобкорию бесарусомонӣ ривоҷ дорад, агар ба таҳқиқ нигаред, решаи ин

пешина
аз 393
навбатӣ