Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳама касолатро дарёфтан мушкил нест. Вале мо, аз чӣ бошад, солҳои охир аз иқрори он худдорӣ мекунем.
Коре, ки дар мамолики дигар бевалвала аз гапфурӯшиҳо, ҳамчун як одати муқаррарӣ ба сомон мерасад, чаро дар мо бо даъватҳои зиёд ва талабу тақозои беҳисоб амалан ҷорӣ мегардад? Вақти он расидааст, ки аз ин бобат низ биандешем ва ба кори дӯстону ҳамсоягони хориҷиамон ба ибрат нигариста амал бандем.
Дар роҳи ислоҳи кор усулҳои таъсирбахш кам нестанд, вале бояд дар мадди назар дошт, ки муносибати бюрократона ҳар як чораи муфиду судмандро ҳеҷ кардан метавонад. Қоҳилону коршиканон, беҳунарони бедарду фориғбол аксаран дар сояи бюрократизм амал доранд.
Ҷилавгарии ин зумраи дӯлобкорон, чунон ки ба назар менамояд, чандон кори саҳлу осон нест. Ин дарахти заҳарогин дар заминаи ҷамъияти мо хеле чуқур реша гирифтааст ва сабабҳои нумӯъ ва нашъунамои онро возеҳ муайян карда, сипас онро нест кардан мумкин аст.
Қарори Комитети Марказии КПСС, Совети вазирони СССР ва ВПСПС “Роҷеъ ба мустаҳкам кардани интизоми кор, кам кардани сайёрии кадрҳо дар хоҷагии халқ” шаҳодати он аст, ки бо коргурезону кохилон, фиребгарону муросогарони дузди вақт баъд аз ин набояд муросову мадоро кунем. Дар ин қарордоди айнулвақт ҳамчунон таъкид шудааст, ки заҳмати виҷдони одамони ҳалолкор бояд қадррасӣ шавад. Ин амри наҷиб садои дилу виҷдони мильёнҳо коргару деҳқон ва зиёиёни заҳматпеша ва покдилу покнияти мост.
Аммо бо қарору қарордодҳо ин амри хайрро дар амал ҷорӣ кардан мумкин бошад? Чаро дар мамлакатҳои дигар аз ин хусусҳо ба ҳеҷ қарору фармони ҳукумат тартиби кор ҷорист, мо намеандешем? Аз таҷрибаи дигарон баҳра гирифтан бисёр мушкилоти моро осон хоҳад кард, вале дареғо, аз ин хусусҳо мо ҳанӯз камтар фикр мекунем.

пешина
аз 393
навбатӣ