Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд аз ин мудири илмӣ фавран шӯрои педагогӣ даъват намуд ва ба аҳли маҷлис аз омӯзишгоҳ рондани маро пешниҳод кард. Бале, барои он, ки се рӯзи ид беиҷозат ба деҳа рафтам, маро, ки чор сол аълохон будам ва суратам дар аввали тахтаи аълочиён буд, мудир бе ҳеҷ истиҳола аз омӯзишгоҳ ронданӣ буд. Аҳли Шӯрои педагогӣ монанди он духтарони ҳамсинфи Майрамбӣ хомӯш сар ҷунбонданду ба розигӣ даст бардоштанд.
На мудир, на он муаллимони ман дар он лаҳза ҳеҷ ба ёд оварда бошанд, ки халқу давлат барои таҳсили илми ман ҳазорҳо сӯм харҷ кардааст?! Ҳеҷ ба ёд оварда бошанд, ки чорсола ранҷу заҳмати ҷавонеро бесабаб барбод медиҳанд?
Онҳо, ки ба муаллим гуфтан ҳоло забонам намегардад, солиёни дароз аз ҷавобҳои ман мамнун, нармак-нармак табассум мекарданд бо баҳои аъло сарфарозам менамуданд, боре наандешиданд, ки устоди шогирдкуш лоиқи номи устодӣ нест!
Дареғо, ки ин тоифа аз рӯи ҳикмати “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” амал мекарданду ман ба онҳо бовар доштаам.
Ёдашон бахайр, фақат ду тан муаллимони азизи ман — Мария Аванесовна Хамперова ва Наимӣ бо эътироз аз ҷо бархостанд. Вале ин ду овози муқобилоҳанг қисмати маро ҳал кардан наметавонистанд.
Мудир бо дасти ашхоси бедилу беирода, ки ба рафти об нигариста рафтанро шиори худ кардаанд, ба мақсад мерасид. Хайрияти кор, замондорон аз тасодуф бошад ҳам, доди маро шуниданд.
Ана, барои ҳамин ҳам, ман пеш аз ҳама аз онҳое, ки дар зиндагӣ бо амри дилу виҷдони худ амал намекунанд, нафрат мекунам, ин тоифа касон аз ҳама мардуд ва манфуртаранд. Шоир Саноӣ дар ин маънӣ хеле хуб овардааст: “Ҷурми замонасоз фузун аз замона аст”.
Донишҷӯи Институти Политехникии Тоҷикистон

пешина
аз 393
навбатӣ