Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
дигарро ба ногапӣ ташвиқ кардани ӯро ҳеҷ узре сафед намесозад. Минбаъд дар зиндагӣ ҳар яке аз ин дугонаҳои собиқ аз ҷамоат мукофоти амали худро хоҳанд гирифт.
Масалан, агар Мағфират ба ин тариқ дар дӯстӣ нопойдор, бадкинаву бадрашк ва худпараст монад, дар ҳар ҷое, ки бошад, ин хислати ӯро атрофиёнаш зуд пай мебаранд ва ба дӯстию вафои вай умедвор намешаванд.
Ёри нопойдор дӯст мадор,
Дӯстиро нашояд он ғаддор!
Ин ҷазо аз ҷазоҳои ҷонсӯзтарини ҷамъияти одамӣ аст, ки ба он ӯ ҳеҷ давое намеёбад. Ҳоло Майрамбӣ ва Мағфиратро ба ҳолашон вомегузорам агарчи аз ин хусус санҷида ва таҳқиқ намудан ҷоиз аст, зеро мо ҳама барои тақдири якдигар дар ҷамъият набояд бетараф бошем.
Лекин он “духтарони дигар”, ҳамсабақони беирдаю гаправ, дили моро ба ваҳм меоваранд. Ингуна касон бо хомӯшии зоҳиран бетарафонаи худ мубтадои мудҳиштарин ҷиноятҳоянд. Дар таърих золимтарин душманони башар бо ҳамраъӣ ва ҳампуштии ин тоифа беғайратон мардони сарбаландро ба хорӣ куштаанд, ҳақиқатталабонро умрҳо дар зиндон доштаанд. Таърих пур аз мисол аст, вале ман дар ин саҳифа аз саргузашти худ воқеаро ба ёд меорам:
Дар курси охирини Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд таҳсили илм мекардам. Рӯзҳои иди Май ба деҳа раф-таму баргашта омада ба ғазаби мудири илмӣ — Орифӣ ном шахс дучор шудам. Норостӣ ва нопокиҳои ӯро дар тӯли чор сол хуб медонистам ва аҷаб не, бар асари нафра-те, ки дар дил доштам, ин бор дар ҷавоби суханони дурушти ӯ хомӯш истодан наметавонистам...
Устоду шо-гирд гапгузаронӣ кардем. Кори он рафиқони ҳамсабақам, ки баробари ман рӯзҳои ид ба деҳа рафта, ба мудир чор-панҷ килогӣ гурунҷ ё ғӯлинг оварда дода, аз маломат раста буданд, диламро мефишурд, виҷдони ҷавониамро ба фарёд меовард. Ва ман дар назди ҷамъе кафидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё