Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БОҒУ ПОЛИЗИ ШАКАРРЕЗИ
ДЕҲҚОН

Солҳои баъди ҷангро ёд дорам: як порча замини рӯидарича хонаводаи моро бо нон, сабзавот, меваи тару хушк, моламонро бо коҳу алаф таъмин мекард. Дар қитъаи асосӣ гандуми тирамоҳӣ ё ҷувории сафед мекоридем, ҳосили онро бардошта, ба он замин зуд ягон хел сабзавоти зудрас мекоштем. Ба ҳамин усул дар як сол аз замин ду раҳ ҳосил мегирифтем. Дар вотҳо ва лаби ҷӯйҳо дарахтони туту зардолу, себу олуча, дар зери девори тавора — лӯбиё, каду —хулоса, дар он замин кафи даст барин ҷои беҳуда ва барҳадар намемонд.
Замини мо мисли гови дӯшоиамон ҳамеша серу нозпарвард буд, аз сари меҳру сидқ парвариш медид.
Кошкӣ, инсон дар дунё кулли замини воҷиби киштукорро ба ин усул истифода мекард!
Калонсолон ба кори колхоз банд буданд ва ба мо — бачагон, асосан, маслиҳат ва дастур медоданд ва мо аз рӯи гуфтаи онон амал мекардем. Ба ҷуз шудгору тухмпошӣ ва ба хирман ҳӯббандӣ дигар тамоми корҳоро аксар ҳангом мо — бачагон саришта мекардем. Аз оғози баҳор ба замин пору ва хоки кӯҳнадевор мекашонидем, киштро ягонаву хишова мекардем, об медодем, каланд мекардем, ҳашараи зарарнокро мечидем...
Замини рӯидарича барои мо — бачагон на фақат рӯзибахш, балки мактаби зиндагӣ ва деҳқонӣ буд, боиси ифтихори мо буд, дарси заҳмату ҳунар меомӯхт, аз маънии одаму одамгарӣ сабақ медод. (Ман имрӯз аз он ҳайронам, ки наврасони 16-17 соларо, ки дар нисбати мо чӣ синнан ва чӣ ҷисман бузургтаранд, дар корхонаҳои шаҳр ба кори муваққатӣ намегиранду аксар ҳангом айёми таътили онон зоеъ мегардад).
Ман аз он як порча замини рӯидаричамон як умр

пешина
аз 393
навбатӣ