Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

миннатпазирам, зеро он на фақат моро серу пӯшида дошт, балки устухони маро бо кори ҳалол сахт кард, дили моро ба замин, ба киштукор, ба ҳар гиёҳу ниҳол, ба оби равонбахш, монед, ки ба хоки ватан то зиндаем пайванд кард. Ин аст, ки ман бидуни он ҳама сахтию мӯҳтоҷии айём, маҳрумиҳо аз даврони бачагии худ сарфарозам. Гурусна ва нодор будем, вале ҳаргиз ноумед ва дилсард назистем, бедарду бепарво набудем, бетадбир ва бетаоруф нахуфтем.
Имрӯз дар кӯчаҳои шаҳрамон қадам мезанаму ба духтарону наврасоне, ки беҳунар, бедониш вақти азизро сарфи ҳарзагардӣ мекунанд ва ягона ифтихори онон пӯшиши ҷинсиҳои мӯд аст, ба таассуф менигарам. Бале, ман ба ҷавононе, ки аз пули падару модар бо кибру ғурури пуч дар барҳо ва ресторанҳо нишаста шаробҳои қимат мехуранду сигорҳои гаронбаҳо мекашанд ва сархушу саргарон мошиндавонӣ мекунанд, на бо тамасхур, балки бо таассуф менигарам ва он як пора замини азиз падарро ёд меорам. Афсӯси ман аз он аст, ки ин тоифа ҷавонони мо аз мактаби ҳаётбахши зиндагӣ баҳрае намегиранд. Баъди бистсолагӣ кадомин мактаб дар сиришти ин кӯдакони ришдор меҳри заҳмати ҳалол, дониш ва шуғлу ҳунарро махлут тавон кард, намедонам. Ба ин ҷавонон менигараму дар тасаввур оварданам басо муҳол аст, агар аз мактаб ва парваришу тарбияти он як лахт замини рӯидарича маҳрум мемондам, дар рӯзгор чӣ бохти азиме доштам.
Мардуми деҳқон ба дурустӣ мегӯяд: “Замин сер — одам сер”. Ин аст, ки марди деҳқон онҳоеро, ки аз коҳилӣ ва ё танпарастӣ заминро, молро пушти по мезананд, маломат мегӯяд: “Дар ҳавлиат аз ҳалол як мурғ надориву ту ҳам гап зан!” — гӯён таъна мекунад, “замини суст обрӯи номард аст” — гӯён маломат менамояд.
Ҳар инсоне, ки дар ягон гӯшаи дур ва деҳоти хурд бошад ҳам, як лахт замини ба дил наздик дорад, аз файзи

пешина
аз 393
навбатӣ