Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
солҳои 1990 таъиноти муҳимме пешниҳод шудааст: “То ки ҳар хонадони дар деҳот муқимӣ дорои замини рӯидарача бошад ва молдорию мурғпарварӣ кунад, бояд васоилу имконот фароҳам овард”.
Ҳоло аз рӯи ҳисоби мутахассисини ҳолдон боғу полиз, молу мурғ ҳамагӣ чоряки даромади хонаводаи деҳқонро медиҳанд. Самараи маънавии онро намегӯед!
Фарзандони деҳот ба ҷуз боғу полиз ва парвариши гову гӯсфанд дар куҷо касби деҳқониву молдорӣ меомӯзанд, ташнагии худро ба кори падарону бобоён бо чӣ раҳ мешикананд, чӣ сон ба обу хоки диёри худ дилбастагӣ пайдо мекунанд?! Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки меҳри ватан баробари решаҳои нахустин ниҳоли дастранҷ дар дили фарзандон ҷой мегирад.
Агар ба замини рӯидарича аз пиромуни ин матлаб бинигарем, равшан хоҳем дид, ки он ҳаргиз шуғли ба ҷамъият камиртиботе нест. Ободу сарсабз кардани як пораи хоки ватан аз воҷибтарин ва муқаддастарин шуғли инсонҳост. Ногуфта намонад, ки дороии халқ ҳам ҳиссае аз сарвати ватан аст.
Имрӯз дар мамлакати мо аз ҳар се сар модагов яке моли мардумон аст. Деҳқонон аз боғу замини рӯидаричаи худ чӣ миқдор ҳосил мегиранд, касе ҳисоб накардааст. Аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки хуррамию фаровонии бозорҳои мо асосан, аз файзу неъмати боғу замини рӯидаричаи деҳқон аст. Вале кӯтоҳназароне низ дучор меоянд, ки ҳанӯз ҳам ба боғу полизи деҳқонон назари холис надоранд.
Боре дар бозор гувоҳи муноқишае будам: деҳқони пире шафтолуҳои шафақранги худро, ки ҳар яке бемуҳобот баробари пиёла буд, тавсиф мекарду бо ширинмақолӣ ба харидорон пешниҳод дошт:
— Биёед, аз боғи худам, пулатон дар кисаатон меравад... Шафтолу не — як пиёла шарбати соф...
— Аз боғи худат-а! — ногаҳон заҳрханда кард хари-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё