Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
доре. — Аз дӯкон харида мефурӯшӣ... ё аз деҳқонони дигар...
Деҳқони пир аз инчунин тӯҳмат лаҳзае саргаранг монду сонӣ гуфт:
— Дар умрат ҳамин хел шафтолура дар дӯкон дидӣ?.. Надидаӣ ва намебинӣ, додар! Шафтолу меваи тезгузар аст, ба харидуфурӯш тоб намеорад дар се рӯз нобуд мешавад. Меваи боғи худам аст, ҳозир канда овардам.
— Ҳиъ... Лаҷоматонро сар дода мондаанд, кори колхозро мемонеду боғдорӣ мекунед, полиз, мол...
— Ҳой, набераи ман дар колхоз кор мекунад!.. Сонӣ як гапро гӯям, дониста мон: лаҷоми мора кашанд, ба ту мушкил мешавад, додарам! Ҳа, инаша газӣ, инаш дард мекунад, — мӯйсафед як ангушташро ба даҳон гирифту дигарашро нишон дод.
Деҳқони пир аз таҷрибаи рӯзгор хулоса бардошта мағзи суханро мегуфт.
Дарвоқеъ, имрӯзҳо дар шаҳру деҳот ин зумра одамони ба моли хусусӣ, ба боғу замини рӯидаричаи деҳқон каҷ менигаристагиҳо кам нестанд. Ин тоифа дар сари ҳар қадам намак хӯрда намакдонро мешикананд ва ҷурми худро дар паси пардаи суханони пучу валвалаомез пинҳон мекунанд.
Дар соҳили рӯди Душанбе, қад-қади хиёбони Хоҷа Ҳофиз санглохе буд, ки бехоку бегиёҳ ва баҳорон ҳам дар он мавзеъ сабзае намеруст. Комиҷроияи шаҳр онро ба хоҳишмандони обчакорӣ вогузошт. Мардумон сангҳои калонро аз он замин чиданд, ҳамвор карданд, ба рӯи сангистон хок оварда рехтанд, мошин-мошин пору афканданд. Имрӯз ин минтақа, чашми бад дур, ба боғу полизи сабзу хуррам табдил ёфт, ки аз тамошояш дилу дидаи раҳгузарон ҳаловат меёбад.
Мухолифони боғу обчакории хусусӣ даъво доранд, ки барои молдорӣ ва боғу полиз бояд вақт сарф кард ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё