Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

КӮҲРО БА КӮҲ МЕЗАНАНД, ВАЛЕ...

(Очерк)

Говҷӯшдухтарон чобаҳои калони пурширро баъди баркашидани ҳисобдори ферма дукаса бардошта оварда ба новаи яхдони бузург мерехтанд. Ман аз шири ғафсу равғанини зимистон, ки зарду қаҳваранг метофт, чашм бардоштан наметавонистам. “Аз афти кор, ба мол намак намедиҳанд, шираш ғафс аст...” аз дил мегузаронидам.
Ба ин минвол дуру дароз ба шир нигаристани маро дида раиси колхоз Бӯрибой Султонов ҳазломез гуфт:
— Чунон ки об аз новаи осиёб ба талотум меравад, ҷӯи шир кафкзанон мерехту дар иҷрои программаи озуқа... Очеркатонро тахминан ҳамин тавр ибтидо карданиед-а?
Ман ба ин усули рӯзноманигорони қолибкор хандидам.
Раис нони рӯзноманигориро хӯрдааст, коргузории фирқавиёнро хуб омӯхтааст, аз илму таъриху филология маълумоти олӣ дорад ва бар замми ин, донишгоҳи Хоҷагии қишлоқро низ хатм кардааст.
Дар воқеъ ҳам ман ба шир менигаристаму хаёлам ба ҳазор кӯй медавид, вале ҳанӯз андешаи аз ин хусус навиштанро надоштам. Бехабарон гумон мекунанд, ки мухбир ҳар як ашёи дидагиашро ҳатман дар мақолаи худ ифода мекунад. Балки раис ҳангоми дар идораи рӯзнома кор карданаш ба ҳамин усул кор кардагист. Аммо ман аз як ҷувол мушоҳадаи дар колхоз бардоштагиам, агар чизе нависам, фақат ба андозаи як-ду косаи онро истифода мекунаму бас.
Ҳоло суханро аз ҷое, ки шурӯъ кардан боистӣ, бе ҳеҷ печутоб ва ҳунарҳои маъмули нависандагӣ ибтидо кардан мехоҳам.
Котиби аввали комитети фирқавии ноҳияи Қубодиён

пешина
аз 393
навбатӣ