Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ниҳолҳо нобуд мешаванд. Аз ҷӯйҳои канори кӯчаҳо, аз хиёбону сабзамайдони шаҳр агар об ҷорӣ мебуд, аз як тараф шаҳр хуррамтар, покизатар, барҳавотар мебуд, аз ҷониби дигар, алафе, ки мерӯяд, барҳадар намерафт. Покизагии муҳити шаҳр имрӯз аз масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ аст.
Программаи озуқаворӣ дар назди халқ вазифаи басо бузург ва муҳимеро пеш гузоштааст: бояд ҳар чӣ бештар маҳсулот — гӯшт, мева, сабзавот бигирем. Бе ҳеҷ шаке, бахши асосии ин неъматро колхозу совхозҳо ва заводу фабрикаҳо медиҳанд. Аммо замину моли хусусии деҳқонон низ дар иҷрои ин вазифа кӯмаки бузург мерасонанд. Гузашта аз ин, дар деҳкадаву шаҳрҳои хурди музофотӣ низ шаҳриён дар иҷрои ин нақшаи азими партия ва халқ ҳамдаст будан метавонанд. Як огард ё ҷӯяки сабзию помидор, боимҷону кашнич, қаламфуру райҳон аҳли хонаводаро чандин раҳ аз заҳмати бозорравӣ озод мекунад.
Ҳоло колхозу совхозҳо, деҳкадаву шаҳрҳо заминҳои нокорам ва партовро барои зироату боғдории хусусӣ пешниҳод мекунанд ва ба кори деҳқонон кӯмак мерасонанд. Дар программаи озуқаворӣ дастуре ҳаст, ки минбаъд барои равнақи молдории хусусӣ ва деҳқонӣ аз ҳар ҷиҳат амалан бояд кӯмак расонанд.
Вақти он расидаст, ки мардуми мо ҳам ба монанди мардумони кишварҳои мутамаддини олам ба зисту зиндагии мӯътадил шурӯъ кунанд.
1982

пешина
аз 393
навбатӣ