Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тарҷумавӣ мақоми шоиста дорад. Инак, миқдоран равнақи дилхоҳи китоби тарҷумавӣ барои бачаҳо насиби мо гаштааст.
Мутарҷим Шамсӣ Собир аз чӣ бошад “вазъияти тарҷумаи адабиёти бачаҳо (шояд “адабиёти тарҷумавӣ барои бачаҳо” гуфтан сеҳеҳтар будагист? — Б.Ф.) аз ҳама ташвишовар аст”, мегӯяд. Ба гумонам, ӯ сифати тарҷумаро ба назар гирифта аст, ки ислоҳи он ҳамдастӣ ва фаъолиятмандии ҳамаи моро тақозо мекунад. Шамсӣ Собир дар боби сифати тарҷума ҷиддан, дилсӯзона басо афкори муфид баён кардааст. Мақолаи мутарҷим бештар диққати маро ба худ гирифт. Шамсӣ Собир тарҷумони бориксанҷ ва пухтакор аст ва хизмати ӯ дар ин арса ба назар намоён аст. Вале баъзе аз афкоре, ки дар мақолааш ӯ баён кардааст, бо ҳақиқат ҷуфт наомад ва аз ин хусус ба тариқи иҷмол гумони худро изҳор карданиам.
Чунин тарҷумони кордида мебоист дар домони мубоҳаса низ андешаҳои пухтаву санҷида баён мекард.
Бубинед, ки мутарҷим аз рӯи тарҷумаи як ҳикоя, ки он ҳам дар матбуоти рӯз ба нашр расида аст, адиби ҷавон Саттор Турсунро “хусусиятҳои услубии нависандаи бузургро (Лев Толстой — Б.Ф.) дар тарҷума нигоҳ дошта тавониста аст” мегӯяд. Баъди инчунин даъво, ман бори дигар он тарҷумаро варақ задам ва иқрор кардам, ки он матн чандон пухтаю саҳеҳ наомадааст. Зотан, пай бурдам, ки барои ҳамаи сифатҳои зубдаи асари чун Толстой суханвари заковатмандро дар тарҷума нигоҳ доштан мебояд, ки тарҷумон ҳеҷ набошад чоряки иқтидори он бузургворро дошта бошад. Аз далел қотеътар чӣ ҳаст?!
Дар матни асл: “— Погода поправится, может быть, путь установится, и тебе бы лучше стало: мы бы поехали все вместе”.

пешина
аз 393
навбатӣ