Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
нин иқлиму заминҳо кам нестанд. Аслан, агар нек биандешем, киштукор ва зироат аз азал ба табиат марбут буд ва деҳқони тоҷик ҳаргиз намегуфт, ки имсол фалон қадар ҳосил мегирам. Не, ба ингуна даъво ҷуръат надошт ва сари ҳар суханаш “Худо хоҳаду агар обу ҳаво созгор ояд” мегуфт.
Раиси колхози Карл Маркс Бурибой Султонов ҳамроҳи ман аз роҳи байни заминҳои киштзор мерафту бо эътимоди комил мегуфт:
— 36 сентнерӣ мегирем... Ба ҳамин мақсад имрӯзҳо деҳқонони колхози мо ҷаҳд сар кардаанд. Ба заминҳо пору мерезем, ҷӯйборҳоро тоза мекунем...
— Чаро то ҳол шудгорро тамом накардед? — баъзе санадҳои аз идораҳои район гирифтаамро месанҷам.
— Шудгор... Баъди ду рӯз тамом мешавад. Шабу рӯз тракторҳо кор мекунанд. Замин лой буд, вагарна...
Ба дил гуфтам: шабкории тракторҳоро мебояд бо чашми худ рафта бубинам. Баъд аз боби дигар савол кардам:
— Дар республика колхозҳои корашон камривоҷу бебарор кам нестанд. Ҳамаи онҳо ҷадал доранд, то аз вазъи нохуш раҳоӣ ёбанд, аммо ин кор ба гуфтан осон аст. Шумо корро аз чӣ сар кардед?
— Аз чӣ сар кардам? — Султонов саволи маро такрор карду лаҳзае паси сар хорида биандешид, ба худ табассум намуд ва сипас гуфт: — Сараввал арзу шикояти одамонро пурсидам. Агар дарди мардумро бо сабру тааммул гӯш кунед, ҳақиқатро меёбед, бисёр иллатҳои ноаёнро пай мебаред. Аммо бартараф кардани иллат кори осон не. Дар дастури коргузорӣ менависанд, ки фақат ба худат такя макун, фаъолони эътимодбахшро ба гирдат ҷамъ дор, ба онҳо бовар кун, сонӣ корашонро санҷида мулоҳаза фармо. Аммо фаъолони тайёр куҷоянд? Инчунинҳоро батадриҷ, дар кору амал санҷида бояд дарёфт кард. Сонӣ нақшаи ободию маъмурии деҳаро барои солҳои наздик таъин кардем. Панҷ сол аз ин пеш пойдевори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё