Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мактаби навро рехтаанду бо сабабҳои гуногун сохтмони он қатъ ёфтаст. Идораҳои сохтмон гуфтанд, ки коргар намерасад. Коргарони бинокор ёфта овардам. Ҳоло девори қабати дуюми он анҷом мегирад. Якуми сентябр бачаҳо дар мактаби нав ба таҳсили илм шурӯъ мекунанд.
Ҳикояти раисро аз боби мактаби деҳа гӯш мекардаму як тан рафиқи деринам пеши назар омад. Вай як сол қабл аз ин манзили осудаашро дар деҳаи зодгоҳаш тарк карда ба деҳаи ҳамсоя кӯчид, то ки фарзандонаш дар мактабе, ки асбобу ашёи мукаммал ва муаллимони соҳибтаҷрибаву пурҳунар дошт, таҳсили илм кунанд. Ба дил гуфтам, ки барои мактаби нави ин деҳа ҳам муаллимони пур-дону ба касбу кори худ шавқманд даркоранд, директори пухтатадбир лозим аст. Султонов ин ҷиҳати корро бояд аз ҳамин вақт биандешад. Вале маслиҳат додани ман аз адаб дур аст, бинобар он, аз ин хусус лаб накушодам.
— Баъд?.. Боз чӣ чораҷӯиҳо кардед? — савол кардам аз раис.
— Сонӣ?.. Интизоми кор дар колхоз хеле футур рафта буд... Ҳоло кам-кам барқарор мекунем. Ба шумо як мисоли тоза гӯям: шабона кӯчаҳои деҳа гӯристон барин тираву тор буд, монтёрро ҷеғ зада гуфтам: “Шабона бояд чароғи симчӯбҳо даргиранд”. Як бор гуфтам, баҳонаҳои беасос пеш овард, дигар бор гуфтам, боз тақал карда гашт, “хуб” мегӯянду намекунанд. Ночор аз вазифааш гирифтему монтёри дигарро таъин кардем. Ана, мебинед, кӯчаҳо чароғон.
Мо саҳрову фермаҳоро гашта ҳоло ба деҳа даромадем.
Шомгоҳон чароғҳо фурӯзон, кӯчаҳо серравуо буданд.
— Деҳа бояд ба шаҳрча мубаддал гардад. Мардум бояд ҳам бо илму техника, ҳам бо зироату молдорӣ, ҳам бо мусиқию спорт, дӯзандагӣ, созандагӣ, бинокорӣ хулласи калом бо шуғли дилписандаш машғул бошад. Ба деҳа муттахасисони гуногун даркоранд. Алҳол дар деҳа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё