Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Чун чӯбу тахта чидам.
“Воҳимачӣ”
Агар баъзе хурдони мактабхон шеърро аз ду калимаи ҳамқофия иборат донанду аҳён-аҳён аз сари шӯхӣ ин гуна байтаке гӯянд, калонсолон ба гӯлии он кӯдак механданд, аммо ба шахсе, ки ҷиддан даъвии шоирӣ мекунад, ин гуноҳро бахшидан мушкил аст.
Аз мулоҳазаи навиштаҳои муаллиф чунин бармеояд, ки ӯ шеъри бачагонаи тоҷикро дар ҳудуди солҳои панҷоҳум шинохта ва яқин дорад, ки имрӯз ҳам адабиёти мо ба ҳамон поя аст. Ӯ ягон фикри дилчаспу образнок надорад ва инчунин афкор аз ӯ барнамеояд. Аз ин ҷост, ки ӯ ҳамвора суханони оддиву умумиро як навъ ба вазну қофия меораду онро шеър мепиндорад. Зотан, муаллиф аз назми рус ва дигар халқҳои бародар низ вуқуфе надоштагӣ барин менамояд.
Шеъри “Яккачинор” бо ин мисраъҳо ибтидо ёфтааст:
Волгасавор омадам,
Яккачинор омадам...
Ва ба ҳамин минвол соддалавҳона идома меёбад, ки онро ҳар касе ки мутолиа кард, хоҳад гуфт: “Хари кӯрро дар оғили танг чӣ кор аст”.
Дар шеъри дигари ӯ “Оши палав мепазам” мисраъҳои аз ғояти соддалавҳӣ хандаовар, мазҳакабоб ва пурнуқсон ончунон фаровонанд, ки мисраи солим ва бенуқсон хеле кам ба назар мерасад. Ба ин порча мулоҳаза фармоед:
Дорам қатори (?) думба,
Пиёзи лумба-лумба (?)
Чисноку (?) зира ҳам ҳаст.
Бар дег мезанам даст (?)
Худро идора кардам (?)
Ман сабзӣ пора кардам (?) Бингар ба рӯи зирбак,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ