Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Бингар ба бӯи зирбак,
Меҷӯшад он бақо-бақ (?)
Оши палав пазам ман,
Гаҳ беалав (?) пазам ман...
Чунон, ки мебинем, дар ин навиштаҳо мисраи солим, равону фасеҳе нест, ки нест. Муаллиф чунон ки гуфтааст, агар “худро идора кунад”, шояд, ки оши палавро беалав пазад, аммо бе саводи кофӣ ва завқи солим шеър гуфтан мушкил аст. Ба назар чунин мерасад, ки агар ҳар як шогирди мактабро аз роҳ боздореду оид ба оши палав чанд сатре бадоҳатан гуфтанашро таманно кунед аз ин навиштаҳои шоири мо беҳтар сухане хоҳад гуфт.
Навиштаҳои ӯро аз ҷиҳати санъатҳои зарурии шеър, мавзӯъ ва ҳалли он, таносуби сухан, образу ғоя, тозагии фикру матлаб таҳлил кардан, ба назар барвақт менамояд, зеро ин матлабро муаллиф аксаран ба назар намегирад.
Вазну қофия, ки алифбои шеъру шоирӣ аст, мегӯянд, низ дар маҷмӯаи ҳаваскори шеър саросар хароб аст, ки ин нуқтаро тақризнависони дигар низ собит кардаанд ва ба такрор ҳоҷат нест.
Як нуқсони хеле ҷиддии муаллиф ин аст, ки ӯ баёни хушку холии нишонаҳои ба ҳама маълуми ашё ва ҳодисаҳоро шеър мепиндорад. Ҳол он, ки он ахбори соддалавҳонаи ӯро агар ба наср баён кунем, имлои кӯрсаводонаю хандаоваре беш нест. Масалан: (Дар иқтибос тарзи имлои муаллиф нигоҳ дошта шуд. Ӯ аз аломати китобатӣ сирф бехабар аст ва ду вергуле, ки гузоштаст, ҳар ду ғалатанд).
Комбайни додом,
Зӯру тавоно
Сайре кунад он (?)
Бар дашту саҳро (?)
Бо мавҷи гандум, (?)
Он раҳравон аст. (?)
Ҳар дони гандум

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ