Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Наздаш аён аст (?)
Ин сатрҳоро агар ба тарзи наср нависем, ҳар як хонандаро аён аст, ки сухане аз ин бемаънитар ва бемантиқтар нахоҳад буд.
Дар маҷмӯа чанд манзумаи муаллиф низ ҳаст, аммо аз ҳамаи он навиштаҳо саҳлгирӣ ва беэътиноии муаллиф ба кори эҷодкорӣ ба назар мерасад. Манзумаи “Одам ва марг” чунин ибтидо ёфтааст:
Ошно, бе ягон гуфтугӯ шудаанд...
Одаму марг рӯ ба рӯ шудаанд,
Аввало, бояд хотирнишин кард, ки радифи ин байт ба тақозои вазн ва мантиқи калом ҳам “шудаанд” не, бояд “шуданд” бошад. Сониян, марг бо кӣ ошногӣ кардааст, ки бо одамӣ кунад? Ин сухан ба ҳеҷ маънию мантиқ мувофиқат надорад. Чун дар манзумаи шоир шеъри равону дилчасп ва мантиқан устувор кам аст, таҳлили мазмуну мундариҷаи он кори бефоида аст. Сараввал бояд, ки шеър манзум бошад, сипас аз он манзума бармеояд.
Магар ин порчаҳоро асари завқи нозуқ ва фикру тахаййули солим пиндоштан метавон?
Мӯҳаш (мӯҳош гуфтанӣ аст. Б.Ф.) парешон бувад, Дар хона, дар кӯча ҳам,
Чун худи ӯ беадаб (?)
Мӯи сараш, ҳар қадам! (?)
Ё худ:
“Жигули” - и ҳамсоя
Сари роҳ истода буд.
Як бачаи пахамӯй (?)
Омад бинзин дуздид зуд (?)
Агар инсоф диҳем, ҳақиқати ҳол ин аст, ки маҷмӯаро иборат аз шеър гуфтан хатост, ба ҳеҷ ваҷҳ ин гуна тафтологияи кӯрсаводона ба шеър умумияте надорад. Дар ҳар як пораи маҷмӯа ингуна бандҳо фаровонанд ва онҳоро нуқсони шеър гуфтан ҷоиз нест, балки сухани саҳеҳ ин аст, ки дар ин навиштаҳо шеър камтар ба назар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ