Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

зоҳир кунанд, ки хонанда онҳоро дӯст дорад ё нафрат кунад. Тамоми воқеа барои кашфи ягон матлаб, исботи ягон ғоя хидмат кунад ва дар ин миён ҷузъи бегона ва аз ин хидмат холис набошад.
Дар воқеъ, агар ҳар як воқеа ба сари худ ҳикоя мебуд, аз ҳикоянависӣ осонтар коре набуд. Бисёр касон доир ба ҳар соҳа воқеаҳои шавқовареро дар ёд доранд. Ман боре дар сӯҳбат бо як гурӯҳ ҷавонони адабиётдӯст гуфтам, ки метавонам доир ба ҳар як предмете, ки шумо ном мебаред, воқеае ҳикоя кунам ва онҳо ин даъвои маро сахт гирифтанд ва дар охири сӯҳбат тақозо доштанд, ки онро собит кунам. Айёми навмашқиҳо дар ин бобат тамрине, ки доштам ба ман боз як бори дигар кор дод.
Мо аз рӯи машқ ба латифаҳои маъмул воқеа мебофтем, ҳар як лаҳзаи аҷибро илова мебастем.
Баъзан рафиқони ҷавонам аз ман савол мекунанд, ки шахси соҳибистеъдодро аз беистеъдод чигуна фарқ кардан мумкин аст. Аввало, мебояд гуфт, ин шахси беҳунар кам андар кам аст ва ҳар кас ба корею ҳунаре қобил аст. Барои ҳунари нависандагӣ инсон бояд ба ашё ва воқеаҳо аз даричаи манзари худ бояд нигарад. Ҳамин ки ҳамсӯҳбатам ҷиҳатҳои ба ҳама маълум ва равшани воқеа, ашё, осори бадеъ ва ғайраро гуфтан оғоз кард, ман медонам, ки андешаи ӯ аксаран қолибзада ва пеши мо афтода аст. Шахси соҳибистеъдод ҷиҳатҳои торик ва ноаёни онро мегӯяду бас. Ҷавонони соҳибистеъдод дар боби адабиёт доир ба ҳар як асар фикру ақидаи худро доранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ афкори дигаронро қабул намекунанд, агарчи шахси талқинкунанда дар ин арса фикри санҷидаву пухта дорад. Инсони беистеъдод гӯш ба қимор аст, ки дар ин хусус дигарон чи мегӯянд. Инчунин касон аз хато, аз хиҷолат мегурезанду баръакс, ҷавонони ҳунарҷӯй аз гуфтани тахмину фарзия, ақидаи ба ақидаи дигарон номувофиқ ва шубҳаомези худ намеҳаросанд.

пешина
аз 393
навбатӣ