Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Якчанд сол қабл аз ин дар Олмони Федерол китоби шеъри шоири навқироне интишор меёбад ва миёни аҳли адаб хабаре меравад, мусанниф азбаски ба кори ҳукуматдорӣ банд аст, то имрӯз ягон шеърашро интишор надода буд. Аксар хонандагон он ашъорро хуш меписандиданд, филфавр як-ду тан мунаққидон тақризҳои иғроқомез интишор месозанд. Сонитар маълум мешавад, ки он шеърҳоро ба тариқи таҷриба мошинкомпютер иншо кардааст. Инак, намунаи шеъри мошинӣ:

Менависам ман ба хуни дил
Дар миёни ғубори майдонҳо
Аз Урал то Сиерра Невада
Аз Искогам То Климанжоро.
Дар хурӯш аст тори сози ҷон
Торҳои тилгироф аст он.

Аз ин чанд сол пештар як тан аз рафиқони ҳамқаламам мегуфт: “Ба фалонӣ гуфтам ба китобам тақризе нависад, гуфт, ки худат навису биёр, ман имзо мекунам. Навишта бурдам...” “Бале, чунин тақриз, чунин адиб ва чунин мунаққидон ҳанӯз ҳам миёни мо обро гилолуд карда, моҳии ризқи худро медоранд. Вале ҷавонони зирак набояд ки фиреби ин қабил савдогарони адабиётро хӯранд.
Бисёр мешавад, ки ҳаваскорони назму наср барои иншои асар дастури мушаххас талаб мекунанд. Дар олам чунин дастур нест ва ҳеҷ яке аз адибони моҳир касби худро ба шумо омӯхтан наметавонад, зеро инсон ҳамаи касбу кори дунёро метавонад барои худ интихоб кунад, вале шоирию нависандагӣ шуғлест, ки инсони дилхоҳашро худаш интихоб мекунад. Бисёр мехонед, меомӯзед, сипас агар дар сиришту салиқаи шумо завқи сухан бошад, касби суханварӣ худ домани шуморо раҳо нахоҳад кард. Вой бор ҳоли он касе, ки дар ин ҷода ба худ ғарра бошаду як умр фирефта гардад. Инчунин касон

пешина
аз 393
навбатӣ