Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кам нестанд. Даҳҳо китоб интишор кардаанд, вале онҳоро касе намехонад, агар хонандаи дар баҳри бекаронаи китоб ноошно ва бегона тасодуфан ба даст гирад ҳам, аз онҳо суде надида пушаймонӣ мекашад.
Фаразан, агар дар ин мақола ман доир ба қисматҳои насри бадеъ-мадорик ва ғоя, шакл ва мусанниф, нуқтаи назар ва қаҳрамон, сюжет ва характер, ҷузъ ва тафсилот, истинод ва асосноккунӣ, сухан ва ассотсиатсия, таркиби ҳикоя ё қисса мухтасаран сухан кунам ҳам, онон ки ба дарки он омода нестанд, яъне кам китоб мутолаа кардаанд, аз ин навиштаҳо баҳрае намегиранд. Ва баръакс, ононе, ки аз адабиёт маърифати тамом доранд, ба инчунин дастур эҳтиёҷманд нестанд.
Ҳоло ба назар чунин менамояд, ки барои асари баландмазмун навиштани адиб ӯ бояд китобхони хушзавқ, пухта ва соҳибмаърифат дошта бошад. Муҳаррири нашри русии китоби повесту ҳикоёти ман дар Москав ба як лаҳзае повести “Ту танҳо не” розӣ набуд. Қаҳрамони повест Илҳом аслан чӣ маъдан будани алмосро намедонад ва бори аввал аз забони геолог дур будани асли онро мефаҳмаду ҳайрон мешавад. Муҳаррир мегуфт, ки ҷавони дорои маълумоти миёна бояд ки ин чизро бидонад. Ман ба ӯ чи гуна собит кунам, ки дар Тоҷикистон мо аксари ҷавонони дорои маълумоти олӣ ҳам шояд ин чизро надонанд. Дар нашри русӣ он лаҳзаро ихтисор карданд.
Сонитар ман чанд тан муаллимон, аз ҷумла муаллимони фанни химияро пурсидам, вале аз чӣ модда, аз кадом унсур таркиб ёфтани алмосро намедонистанд.
Нуқси тарбияи бачагӣ буд, ки дар ҷавонӣ ва ҳатто айёми миёнсолӣ ҳам вақти асосии ман ва рафиқони ҳамқалами ман сарфи мутолаа шуд, дар роҳи фаҳмидани чи хуб аст ва чи бад аст харҷ шуд. Дар бозори пуршӯри адабиёт донистани хубу бад кори саҳл нест ва ҳар касе, ки ин сирро пай бурд, бешак ба адабиёт нафъе мерасонад. Вале афсӯс, бисёр рафиқон неку бадро имтиёз

пешина
аз 393
навбатӣ