Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

накарда, умри худро бо нависонависи беқадр ва беқимат гузаронданд ва мегузаронанд. Суханони дар айёми пирӣ гуфтаи Ҳутеи хирадмандро хотира кунед: “Ман тамоми умр хонданро омӯхтам”. Агар дар адабиёт кӯчаи сарбаста ва беилоҷе бошад, ин бедонишӣ, бехабарӣ аз навиштаҳои адибони ҷаҳон, саҳлгирӣ ба кори адабӣ аст.
Фаромӯш набояд кард, ки фақат насри бадеъ рӯзгорро пурра акс мекунад ва таърихро зиндаву эҳё месозад. Он гирдоварандаи беҳамтои неруи рӯҳонӣ ва андозагузори рӯзгори маънавӣ ва ахлоқи мардумон аст. Аз ин ҷост, ки дар насри солҳои охир ҷанбаи фалсафӣ ва психологӣ рӯзафзун қувват мегирад. Барои идрок ва фаҳмидани он хонандагон ҳам бояд ки тайёр бошанд.
Агарчи нек медонам ба ҷавонон насиҳат ва маслиҳат чандон хуш намеояд, боз як нуқтаро гӯшрас карданиам: адиб агар ҳамчун гражданин ба камол нарасида бошад, яъне, агар инсони покдилу некхисол, хушният ва дасту дилаш ҳалол набошад, вай асари шоистае офарида наметавонад. Ҳар як адиб ғайриихтиёр саргузашти худро, симои ботин ва ҳастии худро тасвир мекашад. Ҳар боре чун осори адибони бузургро мутолаа мекунед, симои ботини ҳар яке равшан пеши назар меояд. Дар урф ин ҳолро мева аз дарахт дур намеафтад ё акси калла ба шӯрбо мегӯянд.
Дар охир гуфтаниам, ки фардои насри мо марбут ба он аст, ки аз миёни насли ҷавон адибони бузург бурун меоянд ё не. Дар ин ҷода ҳар адиби ҷавон ба дасти ғамгусору гиреҳкушои устоде, марди сарпарасту андешаманде, дурбине ва ҳақиқатпешае, ки аз қайди таассубҳо ва худкомиҳо озод бошад, эҳтиёҷманд аст.

1985

пешина
аз 393
навбатӣ