Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ДАР СӮҲБАТИ НАВРАСОНИ ДЕҲА
Накӯкорӣ чист ва нобакорӣ кадом аст?
Ҷавоби ин савол дар ҳамаи асру замонҳо ҷаҳони маънавӣ ва моҳияти иҷтимоии инсонҳоро таъин кардааст. Маҳз аз ҷавоби ин савол метавон қиёс гирифт, ки одамӣ ба куҷо менигарад, ба кадом ҷониб майл дорад, дар афкору ақоиди ӯ чӣ тағйироти матлуб ва номатлуб рух медиҳад. На фақат ҳастии инсони фард, балки солимии маънавии ҷамъият низ дар нуқтаю назари ӯ ба неку бад ҳувайдо хоҳад буд. Ин маънӣ муддатҳост, ки маро ба худ машғул дорад, балки баъзан беқарорам мекунанду дар изтироб меафканадам. Масалан, бигирем, баъзе аз корҳое, ки умрҳо дар назари ҳамдиёрони мо зишту носавоб буд, чаро имрӯз як навъ амали маълум ва ё на чандон қабеҳ ҷилва мекунад? Аз ин хусус ҳеҷ андешидаед?
Кор ба ҷое расидаст, ки агар шогирди мактаби мо аз рӯи ақоиди маъмул сухан накунаду доир ба масъалае фикри худро бигӯяд, мо ӯро ногузир дар беадабию густохӣ ва бебандуборию бемасъулиятӣ ва боз чандин гуноҳҳои дигар муттаҳам месозем. Ба ман гуфтанд, ки шогирде ба устоди худ эътироз кардаст, ки шеъри шоири беҳунареро, ки ба китоби дарсӣ дохил кардаанд, хондан намехоҳад, вале дар ҷавоби ин саркашиаш чи суханони дурушт шунида, муҷиби мазоҳу тамохира гашта аст. Боз ба ман гуфтанд, ки ҷавонаке дар китоби дарсӣ аз хусуси парваришгоҳи пирони бекас суханони “фароғатгоҳи пирони хушбахти даврон” ва чунину чунон калимоти хурофот ва пуриғроқро хонда ба рӯи муаллими худ ҳақиқати ҳолро бепарда гуфтаст: “Сафсаттаи беҳуда, фақат пирони бекасу кӯй ба он ҷо мераванд”. Дар ҷавоби гуфтаҳои худ ин ҷавонак ҳам муҷиби маломату сарзаниш ва пичингу кинояҳои талху заҳрогин гаштааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо