Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ман бо бачагони деҳае (дар ин мақола онро “Деҳа” мегӯяму бас) муддатҳост, ки ошноӣ ва сӯҳбат дорам. Ба гумонам, дар машқи суратгирӣ, хосияти гиёҳҳои дорувор, гулпарварӣ, муҳофизати муҳити атроф, ҳурмати осори атиқа ва таърихи диёр, ободию хушнамудии хонаву деҳа ва ғайра ман ба онон таъсире расонда бошам ҳам, рағбати ононро ба китобхонӣ бедор карданам хеле мушкил гашт.
Агар рағбати бачагонро аз хурдӣ ба китобхонӣ бедор накунем, дигар онон аз ин сарвати бузурги маънавии башар як умр бебаҳра монданашон маро ҳар лаҳза нохуш медошт. Бинобар он, сабаби ин касолатро меҷустам. Чаро фарзандони миллатҳои дигар китобхонанду авлоди мо дар қайди ҷаҳлу нодонӣ вомонданашро эътироф накунему сабаби онро наҷӯем? Дар ин замон чунин нуқсон барои миллати аз роҳҳои тиҷорат ва равобити ҳунарию фарҳангӣ дар канор монда баробари худкушӣ буданашро кош зиёиёни мо идрок мекарданд!
Сабабҳои асосии ба китоб ва китобхонӣ рағбат пайдо накардани бачагон пеш аз ҳама китобхон набудани муаллимони мо, китоб нахондани аксари кулли зиёиёни мо, китобро ба дурустӣ тарғиб карда натавонистани матбуот, мунаққидону муҳаққиқон ва адибони мост. Гузашта аз ин, солҳои дароз нашриётҳои мо китобҳои ба касе нодаркори адибони беҳунар ва тарҷумаҳои муғлақу дур аз салосатро интишор намуда шавқи бачагонро куштаанд. Ба қавли ҳолдонҳо баъзан навад фоизи инчунин китобҳо ба макулатура мерафтаст. То солҳои навадум нашриётҳои мо ҳар сол садҳо номгӯй чунин китобҳои беҳударо интишор месохтанд. Кам кардани нашри китобҳои тарҷумавиро Госкомиздати СССР намеписандид ва сахт назорат мекард. Нашри китоб ҳам як ҷузъи сиёсат гардиданаш ба маънавиёти мардум бетаъсир набуд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо