Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бачагони Деҳа, ки ҳама шогирдони мактаб буданд, дар хонаводаи худ иҷрои корҳои гуногунро дар ӯҳда доштанд ва соате вазифаи худро фаромӯш намекарданд.
Балки аз ҳамин сабаб онҳо асосан, чун калонсолон андеша меронданд. Аммо онҳо ҳеҷ ваҷҳ симои бачагии худро гум накарда буданд.
Насриддин дар ферма ба ҷои модараш кор мекард.
Модари ӯ дар хона ба кори хонавода банд аст. Пӯшондану хӯрондани ҳашт нафар бача кори осон нест. Дигаре — Одина ҳамеша досу арғамчинаш ба зини хар бастагӣ — вай ҳар рӯз аз ёбонҳо ду хар алаф даравида бояд ба хонаашон барад. “Зимистон дар ёбон алаф нест, фароғат мекардаӣ”, гӯям, гуфт, ки “ҳезумкашӣ ҳам кори осон нест...” Сейумӣ — Насим баъди дарсҳо ба ҷои модараш ба кори пахтазори колхоз меравад...
Сарфи назар аз пуркорӣ бачаҳо бо якдигар алоқаманд буданд ва робитаи худро аз даст намедоданд. Онҳо аксаран дар боғчаи назди фермаи колхоз ғун омада гӯё эҳтиёҷи бачагии худро ба бозӣ, ба гуфтугузор, машварат қонеъ месохтанд, монанди селаи майнаҳо дар як замон аз чор сӯ ҷамъ омада бо чуғур-чуғури худ муҳитро пур мекарданд, сипас аз паи оббозӣ ба ҷониби наҳр медавиданд. Онҳо дар шитоб ба оби сард якчанд бор ғӯта мезаданду боз саросема аз паи кору бори худ мерафтанд.
Боре бачаҳо аз ман хоҳиш карданд, ки ба онҳо суратгириро биомӯзам. Бе суратгирак машқи суратгирӣ беҳудакорӣ буданашро ба онон гуфтам, вале азбаски ҳаваси онон ҷиддӣ набуд, дар ин ҷода пул харҷ кардан намехостанд. Барои харидани асбоб маблағи зарурӣ ҳам надоштанд. Ман ба онҳо аксбардораки кӯҳнаамро оварда додаму нахустин дарси ҳунарро аз муқаррар кардани фосила ва кори фосиласанҷ шурӯъ намудам. Баъд ҳар кадоме бо дастгоҳи “Смена” чор-панҷ акс гирифтанд.
Умуман, сӯҳбати мо ҳамеша хеле ҷиддӣ аст, баъзан онҳо ҳангоми кӯчондани кандуҳои занбӯр ба ман кӯмак

пешина
аз 393
навбатӣ