Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
рост ғеҷида, аз рӯи роҳи яхи рӯяш саҳл обшуда ба сахтӣ мерафт. Рамаи молҳои реза аз ҳар тарафи кӯҳи Боботоғ ба поён фуруд меомаданд. Мо сабаби ба ҷониби бошишгоҳи марказӣ хамидани рамаро ҳар хел тахмин мезадем. Бинобар он, вақте, ки бо чорвопарварон мулоқӣ будем, аввалин саволи мо аз ин матлаб буд.
— Ҳаво сард мешавад, — гуфтанд чорводорон. — Ҳамин ки ҳаво сард шудан гирифт, чӯпонҳо рамаро аз кӯҳ ба поён меронанд.
Баъд кӯҳ-кӯҳ алафи хушк ва оғилу молхонаҳои барои зимистони чорво тахсис шударо дида, хотирҷамъ будем. Зимистон ҳар қадар қаттол ояд ҳам, чорво талаф нахоҳад шуд. Аз сӯҳбати чӯпонҳои ғаюри Ёвон ҳамин оҳанг бармеояд. Аммо кӣ медонад, ҳақиқати ҳол чи гуна хоҳад буд. Албатта, агар рама моли хусусии чӯпон ё мудир бошад — гап дигар буд, ҳоҷати валвала ҳам не, “ҳа бош-ҳа бош” ҳам, “ҳой боракаллоҳ” ҳам...
...Мо бо чорводорон — хонандагони хеле серталаби худ гуфтугӯ доштем. Гоҳ онҳо навбати суханро мегирифтанду аз кору бори худ, аз талабу хоҳишҳои худ ба шоирону нависандагон, ҳунармандону оҳангсозон сухан мегуфтанд, гоҳе мо аз корҳои дар соли гузашта ба анҷом расида ва нақшаҳои тозаи худ сухан мекардем, аз навтарин эҷоди худ барои чӯпонон намунаҳо мехондем, ба савол ва пурсишҳои онон оид ба соҳаҳои гуногуни тамаддуни башарият ҷавоб медодем... Аммо сӯҳбат чандон қӯр намегирифт — чӯпонҳо хеле кам китоб мехонанд.
Ман ба рафиқони чорвопарвари ёвонӣ аз анҷоми повести нави худ “Агар вай мард мебуд...”, ки симои марказиаш аслан говдӯшдухтари ферма Занҷир аст, ки сонитар ба шаҳр рафта, атласбофиро омӯхт, ҳикоят кардам. Ин духтари покизаниҳод, аммо густох дар ҳама ҷо барои адлу ростӣ, покизагии инсон талош мекунад. Чӣ қадар мардони нопоку дағалбоз ӯро ба ҳазор оҳанг фирефтанӣ мешаванд, аммо дили софаш ҳамеша духтарро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо