Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ба роҳи дуруст ҳидоят месозад. Ин қисса аз муҳаббати асли ҷавонони айёми мо ва аз муҳаббатгадоёни даври мо, аз кору ҳунари ҳалол ва ҳирсу тамаъи безинҳор ҳикоят мекунад. Дар симои Занҷиру Довар ман ҷаҳд доштам симои одамони асили аёмамонро бо ҳама гуногунвазъиаш тасвир созам. Агарчи ин тоифа ба ҷурми он ки ҳунарвару ҳақиқатхоҳ буданд, виҷдону инсоф доштанд, аз дасти замон ва замондорон басо уқубатҳо кашиданд, лаънатзада гаштанду ҳақоратҳо диданд. Бюрократия бо дуздону ғоратгарони гуногунтоифа забон як карда зидди адлу инсоф, муқобили оқилу ҳунарварон қиём мекард...
Ана, дар чунин вазъият тоифае амин буданд, ки ҳама чизи дунёро ба пул харидан мешавад... Вале онҳо муҳаббати покиза ва бе олоишро харидан натавонистанд...
Муҳаббат гуногун аст: муҳаббати зан, муҳаббати фарзандон ва дигар пайвандон, муҳаббати молу сарват (агар онро ҳам муҳаббат гуфтан ҷоиз бошад?!). Ба ақидаи ман муҳаббати аз ҳама беғаш, соф ва муқаддастарин — муҳаббати хоки ватан, замини диёри азиз аст.
Замини Ёвон — ҳамин гуна муҳаббати ҳар яки моро сазовор гардидааст. Бисёр мехоҳам одамон ин хокро азиз доранд. Замин бемуҳаббат ва бенавозиш мисли фарзанди инсон дилсахту бешафқат мегардад. Хоса, имрӯз замин, ки беҳисоб мондааст, ба дӯстдорӣ, муҳаббат ва навозиш мӯҳтоҷ аст.
Заводи кимёвӣ имрӯз қариб ними замини Ёвонро заҳрогин мекунад. Ба сад машаққат ҷумҳурияти камзамини Тоҷикистон як порча замини хушкро обёрӣ карду боз барои нобуд сохтани ин замини хуррам дар як гӯшаи он заводи кимёвӣ сохт. “Ба Тоҷикистони камзамин заводи кимёвӣ чӣ лозим буд?” ё худ “Чаро заводро дар байни кӯҳсори камзамин насохтанд?” мегӯянд имрӯз мардум.
Ман ҳам ин саволро аз раҳбарони ҷумҳурият пурсидан мехоҳам... аммо метарсам, ки дар ҷавоб аз онҳо боз як дуруғи коммунистиро мешунавему бас... 1987

пешина
аз 393
навбатӣ