Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

АЙЁМЕ, КИ ИНТИЗОРАШ БУДЕМ

Имрӯз калимаи бозсозӣ вирди забони пиру ҷавон аст. Аммо дар назари ман чунин меояд, ки ҳанӯз ҳам мо аз ин бобат бисёртар мегӯему камтар амал мекунем.
Инчунин пургӯиҳо чи қадар ибтикору ташаббуси некро ба тахта кашиданаш маро ба ташвиш меоварад.
Боре аз деҳқони куҳансоле савол кардам, ки ӯ аз хусуси бозсозӣ чӣ медонад, дар ҷавоб мӯйсафед гуфт, ки ростию дурустӣ даркор аст, мамлакатдорӣ бе он намешавад. Сипас ӯ пайрави суханаш гуфт, ки аз давру замона аз замин то осмон сипосгузор аст, зеро фарзанди инсон хору зор не, ҳеҷ кас ба як лаб нон мӯҳтоҷӣ намекашад. “Ин давлати калон аст, бачаам, — мегуфт пирамард ба нишони шукргузорӣ сар ҷунбонда. — Нигаред, ягон сағирае ё маъюбе, пири бекасе ё дардманде дар кӯча афтода мондааст? Не...” Ман аз хусуси суханони деҳқони кӯҳансол хеле андешидам ва тан гирифтам, ки ӯ ба решаи масъала менигарад. Аммо то ба кай мо бо шиками аз нон серу тани пӯшида қонеъ бошем?
Адабиёт ва адибони бо ҳунари худ содиқ ҳамеша дар ҳама гуна ҳолат, дар тамоми асру замонҳо ва тамоми ҳафтод соли таърихи баъди инқилоб ҳамдӯшу ҳамдарди мардумон будаанд, бо дурӯғ, бо дағо, бо замонасозӣ, зидди муросою мадоро бо бюрократизм мубориза бурдаанд, агарчи аз муқовимати ошкоро аксаран меҳаросиданд.
Адиби ҳақиқӣ агар барои ҳар як китоби қадимаи ба оташ ё ба дарё афканда ва ё сутуни кандакории мадрасае, ки ба анбор табдил додаанд, чи миқдор ғуссаманд бошад, барои тағйири номи бостонии деҳае ё сохтмони корхонае дар васати замини киштзор ҳамон қадар изтироб кашида аст. Аммо бюрократ ба ҳоли чунин касон тамасхур менамуд, ӯ худро оқилу донишманд,

пешина
аз 393
навбатӣ