Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

инсони равшанфикри давру замон мепиндошту дигаронро ба ҷаҳлу нодонӣ ва чандин гуноҳҳои дигар муттаҳам мекард.
Чӣ расида, ки имрӯз деҳқони тоҷик аз деҳа ба шаҳр омада, аз бозор бо нархи гарон гӯшт, тухми мурғ, себу гелос, картошкаю сабзӣ мехарад? Ин ҳол солҳост, ки қарори ороми маро бурдааст.
Дар сухан ба замин чи коштанашро гӯё деҳқон худаш муқаррар мекунад, аммо маҷбур аст, ҳар сол марғзореро барҳам диҳаду киштзорро афзояд, агарчи ему алаф надорад, саршумори чорворо кам накунад, худ рафта аз бозор меваю сабзавот харад, аммо барои магазину намоишгоҳҳои марказӣ аз бозор бо нархи гарон тармеваю хушкмева харида “обрӯи” республикаи офтобии худро боло созад.
Ба қарибӣ дар бозори “Баракат”-и пойтахт рӯзи ярмарка совхозе чанд кило писта фурӯхт. Ман аз фурӯшандагон савол кардам, ки чаро пистаро кам овардаанд, дар ҷавоб гуфтанд, ки аз бозор килояшро ҳашт сӯмӣ харида, дуним сӯмӣ фурӯхтем.
Киштукори яксону якранг ба тадриҷ на фақат ба иқтисодиёт ва маънавиёти халқу ватани моро сахт осеб расонданд, балки вазъи экологии минтақаҳои бузургро хароб сохтаанд, замину об, ҳаво ва олами набототро зарарҳое расонданд, ки ислоҳи он чандон кори саҳл нест.
Инчунин усли ҳозирбинӣ сабаб буд, ки дар киштизорҳои Осиёи Миёна ба ҳар як гектар замини корам соле 400 то 600 кило нурии маъданӣ пошида шудааст! Ҳол он ки дар минтақаҳои дигари мамлакати мо андозаи миёнаи он ба ҳар гектари киштзор на бештар аз 30 кило аст! Агар ба ҳар гектар замини минтақаҳои дигар соле ба қадри 1-2 кило заҳрҳои кимиёӣ афтад, ба киштзорони камобу тафсони мо соле 34,4 килогӣ моддаҳои заҳрогин пошидаанд. Бахши асосии ин

пешина
аз 393
навбатӣ