Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
моддаҳоро обу хок дар муддати як асри тамом ҳам ҳазм кардан наметавонад.
Оқибатҳои нохуши киштукори бешууронаи имрӯз бараъло зуҳур намояд ҳам, ба баъзе раҳбарони ба тарзи кӯҳнаи коргузорӣ сахт вомонда сабақ намешавад.
Шиори ин касон “то табар омадан кунда осуда аст” айни ҳамон мақол аст, ки худбинон гуфтаанд: “Гӯр сӯзаду деги қаландар ҷӯшад”.
Дарвоқеъ, баъзе аз раҳбаладони зироату молдорӣ ҳанӯз ҳам сармасти рапортҳову тантанаҳои иҷрои плонҳо ҳеҷ намебинанд, ки кӯдакони деҳоти пахтазор аксаран ба дарди зарпарвин мубтало гаштаанд ва баъзе на як ду бору ду бор...
Маҷаллаи “Наука и жизнь” чанде қабл аз ин дар як мақолааш оварда буд, ки минтақаҳои ҳамагӣ чоряк аср муқаддам аз ин ободу хуррами Саҳрои Кабир бар асари деҳқонии бешуурона ва харобкориҳои ислоҳнопазир имрӯз ба регзорони дур аз нишони ҳаёт табдил гаштаанд.
Мардумоне, ки дар он ҷойҳо зиндагӣ мекардаанду ба худ ризқу рӯзӣ пайдо менамудаанд, азбаски хилофи қонуну қоидаҳои табиат амал кардаанд, барои ин нописандии худ талафоти азим бидодаанд.
Магар имрӯз қариб нима хушкидани баҳри Арал замоне ба сари мо чунин нохушиҳо намеоварад? Бино ба шаҳодати мутахассисон ҳоло тобистони мо ҳамвора гармтар мешавад. Ба ғайр аз ин, муайян кардаанд, ки бодҳои сарсарӣ ҳар сол аз ҷониби Арал 75 милён тонна намакро рӯ ба ҷануб парешон мекунанд.
Ҳоло аз ваҷҳи экология — ғамхорӣ ва муҳофизати табиат бисёр сухан мегӯему камтар амал мекунем. Чаро?
Ба фикрам, он касоне, ки боист бетаъхир амал кунанд, ҳанӯз аз идроки ин хатари ҳамагир фориғанд. Чунон ки файласуфе гуфтааст, гиристану хандидан суде намебахшад, боист, ки идрок кард. Хоса, онҳое, ки дар сари фармонанд, бояд ки қобили идроки амиқ бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо