Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Тафовути гуфтор аз кирдор солҳои охир дар ҷамъияти мо ба ботлоқи ҷимҷимае табдил ёфт, ки дар он бисёр қобилият, афкори равшан, ташаббус ва азми неки одамони фикрашон тунд фурӯ монд.
Имрӯз аксар аз он норозием, ки ҷавонони мо ба кӯи худбинию худпарастӣ афтодаанд, на ба гузашта эътиқод ва на ба оянда эътимод доранд, шахсони бемаслаканд, дар нисбати китоби гаронбаҳое ягон ашё ва ё сару либоси хориҷиро авло мешуморанд, ба кору бор ва ташвишу тараддуд, орзую омоли мардуми диёр бепарвоянд... Сабаби ин вазъи нохушро ман пеш аз ҳама аз он медонам, ки дар ҷамъият тавофути гуфтор аз кирдор афзуд ва ин амал расм гашт, маъмул шуд, барои дурӯғу фиреб ва демагогия хиҷолаткашӣ ва ҷавобгарӣ аз миён рафт.
Боре ба атроф нигаред: дар мактаб фарзандони кӣ дар нисбати дигарон либосҳои гуногуну гаронбаҳо мепӯшанду харҷи бемалол доранд? Гумонатон фарзандони олими номвару адиби ҳунарвар ё инҷинери кашфиётоваре? Не, баръакс, фарзандони касоне, ки аз ҳунар ва истеъдод сирф бебаҳраанду бо ҳаромхурию ришваситонӣ ба халқу давлати мо солҳост, ки зиёну заҳмати бекарон мерасонанд. Маҳз, чунин тоифа бо зиндагии мӯҳташами худ ба ҷавонони мо таъсири нохуш мерасонанд ва кулли он шарофатеро, ки аз мактаб, тарбия ва китобҳо мерасад, ҳеҷу пуч мекунанд. Бачаҳо ҳозирбинанд, оқибати сиёҳ ва маъшуми ин қабил касонро пешбинӣ кардан наметавонанд.
Якчанд сол қабл аз ин ман дар ҳамсоягии шахсе мезистам, ки ҳашт ё нӯҳ фарзанд дошт. Писаронаш ҳама аз синни 12-13 солагӣ дар қайди милисия афтода, хархашаи ӯро бо муаллимони мактаб ҳеҷ поён набуд. Писарони вай баъди ба синни балоғат расидан ҳам бо қонуну қоидаи ҷамъияти мо чандон созгорӣ ва мувофиқат надоштанд.
Падари ин бачаҳо раҳбари як идораи сернуфусе буд. Рӯзе ман дар ҷавоби шикояташ аз фарзандон, аз ӯ пурсидам:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо