Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳамсоя, шумо дар хона китоб доред? Китоби бадеъ? Китобе, ки мо — нависандагон менависем?
Вай сараввал матлаби маро нафаҳмида дар тааҷҷуб ба рӯи ман нигарист ва сипас ҷиддияти саволи маро идрок карду ба як навъ нотаъин зери лаб гуфт:
— Аниқ намедонам, ки китоби нависанда боша ё не, аммо китоби дарсӣ ҳастай...
— Аз ваҷҳи тарбияи фарзандон савол кардеду пурсидам, — гуфтам ба ӯ маъзаратомез. — Дар шаҳр фарзандони хонаводаҳои бамаъниро асосан китоб тарбиятгар аст. Ҳамин ки ба китобхонӣ шавқи бачаро бедор кардеду пасу пешашро аз китобҳои гуногун пур кардед, дигар аз ваҷҳи тарбия хотирҷамъ бошед...
Маро ҳайронӣ аз он аст, ки дар солҳои рукуд ва шахмонӣ шахсони камхирад ва каммаърифати ба ном зиёӣ бештар ба корҳои сарварӣ ва раҳбаладӣ ноил гаштанд. Онҳое, ки аз ӯҳдаи вазифаи аввалиндараҷаи инсонӣ — тарбияи фарзанди солеҳ намебароянд, чи гуна ба ҷамъият раҳбалад хоҳанд буд?! Боиси хеле аз нобарориҳои имрӯзи ҷамъиятро ман дар интихоби носараи кадрҳо мебинам.
Айёми охир доири инсонпарварию башардӯстӣ ва ватанхоҳӣ бисёр сухан мегӯем ва гумон аст, ки дар ин арса бо шиору хитоба ва суханони баланду дабдабаомез мурод ҳосил ояд. Аввало, сухани бисёр қимати ҳар як кори савобро коста, эътибори онро аз миён мебарад. Дар ин ҷода сухан камтар гуфта, бештар амал бояд кард, ибрат бояд зоҳир намуд.
Дарвоқеъ, аз ин хусус ҳар чӣ гӯему нагӯем, маро ҳеҷ бовар намеояд, ки чи гуна инсоне, ки модари худро сидқан дӯстдор нест, модари дигаронро ба ҷон ҳурмату эҳтиром кунад.
Ҳамчунон мардуми ломакон, онҳое, ки ба деҳаи зодгоҳи худ меҳри фарзандӣ ва риштаи пайванде надоранд ва бо номи он чи дар ҳузури фарзандон ва чи дар

пешина
аз 393
навбатӣ