Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

назди оламиён ифтихор намесозанд, чи гуна дар дилу ҷон меҳри ватани бузургро бипарваранд?! Ватан барои ҳар як инсон аз шаҳру деҳи ӯ, аз кулбаи падару аз домони модар оғоз меёбад.
Ин ҳам гуфтанист, ки солҳои охир дар республикаи мо ба программаи таълими мактабиён фанҳои нав дохил карда, аксаран дарси таърих ва адабиётро мухтасар сохтанд. Бачагон таърихи пурифтихори диёри худро наомӯхтаву надониста чи сон ватандӯст хоҳанд шуд?!
Донистани таърихи кишварҳои гуногуни олам илм аст, аммо донистани таърихи аҷдоди худ ва диёри худ, ба ҷуз илм, боз омили муҳимми тарбия аст. Ватанхоҳиро ба ҳар гуна суханони абстракт ба дилҳо ҷо кардан номумкин аст. Дар мактабҳо вазъи омӯхтани фанҳои адабиёт ва таърихро, хусусан, таърихи Тоҷикистонро ҷиддан беҳтар кардан лозим аст.
Дар мактаб соати омӯзиши ин фанҳоро кам карда мо нафақат сафи ҷавонони кӯрсаводро меафзоем, балки гражданинҳои беҳис, бешафқату бевиҷдон, ба неку бад бефарқро ба камол мерасонем. Магар он нигилистоне, ки маданият, таърих ва забону адабиёти халқи худро эътироф надоранд, башардӯсти ҳақиқӣ ва интернасионалисти устувор ва мустақим буда метавонанд?! Ҳаргиз. Яке аз адибони равшанфикр ва дорои маданияти баланди рус Константин Паустовский аз ин ваҷҳ навиштааст: “Аз рӯи муносибати ҳар як инсон ба забони модариаш дараҷаи маърифат ва қимати инсонии ӯро метавон бехато таъин намуд. Муҳаббати ҳақиқӣ ба ватан бе меҳри забони модарӣ вуҷуд надорад. Инсоне, ки дӯстдори забони модарии худ нест, ваҳшӣ аст. Ӯ фарди табиатан зарарнокест, зеро ба забони худ беэҳтиромӣ далели он аст, ки вай ба гузашта, имрӯз ва фардои қавми худ комилан бепарво аст”.
Аз ин ваҷҳ онҳое, ки дар маҷлисҳо ҳангоми ба забони модарии худ сухан кардани одамон ба онҳо мамониат

пешина
аз 393
навбатӣ