Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мекунанд ё ариза ва ё дархости онҳоро ба забони тоҷикӣ қабул надоранд, дар дилҳо ҳисси нохуши миллатчигиро ба вуҷуд меоваранд. Бигзор, ҳар як инсон бо миллати худ ва забони худ ифтихор кунад. Зиёда аз он, ин ҳуқуқро ба одами советӣ Конститутсияи СССР қонун кардааст.
Бараҳнагӯӣ ва ошкорамалӣ як навъ василаи даҳанкалонӣ ва зинатафзоӣ нест, барои он нест, ки мо дар назди бегонагон мӯҳташамтар ҷилва кунем. Ҳамчунон вай на барои он зарур аст, ки бе ин амал ахлоқ ва маънавиёти ҷамъият хароб хоҳад гашт. Ошкорамалӣ ва кушодагӯӣ боз барои он ҳам моро зарур аст, ки бе муқоиса ва мусобиқаи фикру ақидаҳои гуногун, бе ҷустуҷӯ ва интихоби афкору ақидаҳои мухталиф равнақи иқтисодиёт, илм, истеҳсолот қатъиян номумкин аст. Агар ошкорамалӣ ва кушодагӯӣ нест, дар ҷамъият рукуд ва шахшавӣ ба амал пайваста, равнақи бардурӯғ пардапӯши ҳама нуқсон хоҳад шуд. Агар мо ошкорамалӣ ва кушодагӯиро дар ҷамъият расм мекардем, на фоҷиаи Чернобил ба вуқӯъ меомаду на ҳодисаи дилхароши Саргазон.
Фошгӯӣ фақат доири вазъи ҳаёти имрӯз маълумоту санадҳои ҳаққонӣ овардан нест, балки аз ваҷҳи хатоҳои айёми гузашта ҳақиқатро гуфтанро тақозо мекунад. Бо гуноҳи киҳо, бо амри “қатъии” кӣ харобкорӣ ва зараррасонӣ рӯй дод, фошофош бояд гӯем. Вагарна қадаме, ки пеш ниҳодаем боз ба қафо мераваду мутлақинонӣ, беҷавобгарӣ, худбинӣ аз нав ривоҷ меёбад.
Ҳоло баъзе касон “коҳи кӯҳнаро бод додан чи лозим” мегӯянд. Ин коҳи пӯсидаю бадбӯйро бод додан зарур аст. Мақсад аз он ба маърази ҷазо кашидани мурдагон не, балки зиндагонро огоҳ кардан аст. Догма ва бюрократия ин қадар сол аз куҷо ва чи гуна ғизо гирифт, донистани мо ва авлоди мо зарур аст. Онро надониста имрӯзро дуруст идрок кардан муҳол аст ва тарҳи фардоро ба дурустӣ возеҳ дар тасаввур овардану ба нақша гирифтан натавон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо