Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
барои тӯдаи бюрократ ин забон бекора ва ношоям гашта буд.
Воқеан, чун мавриди сухан аст, боядам гуфт, чаро дар силки ходимони баъзе идораҳои раҳбарӣ ва бахше аз вазоратҳои Тоҷикистон намояндагони мардуми тоҷик хол-хол дучор меоянд? Масалан, аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки қариб 80 фоизи ронандагони мошинҳо дар республика тоҷиконанд, вале дар вазорати нақлиёт агар бошад, фақат бист фоиз тоҷикон кор мекардагистанд. Дар баъзе вазоратҳо шумораи тоҷикон аз ин ҳам камтар аст мегӯянд.
Ҳар гоҳ бубинам, ки фарзанди олим ва ё адиби тоҷик, фарзанди шахсоне, ки худро зиёии равшанфикри ин миллат метарошанд ва ё вакили Шӯрои Оливу мансабдори идораи раҳбарианд, вале имрӯз аз нописандӣ забони тоҷикиро намедонанд ё донанд ҳам, лоиқи ҳурмат намешуморанд, маро ҳолате рӯй медиҳад, ки ба сарам ғайриихтиёр муште мезанам!.. Чунон мешавам, ки гӯё маро сахт фирефта бошанд, буду нобуди маро ба ғорат бурда бошанд...
Маҷлиси сессияи даҳуми Шӯрои Олии ҷумҳуриятро ба воситаи телевизион намоиш доданду халқи мо аввалбор бо чашми худ бидид ва бо гӯши худ шунавид, ки чи касони камсавод ва бебаҳра аз донишу хирад вакили халқ ва фармонфармои аҳли диёр будаанд.
Халқ дигар кӯтоҳии инчунин касонро ба инсофу виҷдонашон ҳавола намекунад. Аз таъсири чунин мансабдорон аст, ки имрӯз мебинам, иддае ҷавонмардону бонуёне, ки маълумоти олӣ доранд ва худро аз аҳли равшанфикри миллат меҳисобанд, вале ба дурустӣ фикрашонро ба забони модарӣ саҳеҳ ифода карда наметавонанд ё дар сари ин амал бениҳоят сахтӣ мекашанд. Онҳо на ба забони тоҷикӣ китоб мехонанду на ба забони русиву ӯзбекӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо