Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман рафиқе дорам, ки аз телевизион ё радио овози аксари мухбирон ва актёрони тоҷикро тоқати шунидан надорад. Чаро? Ӯ ҷавонмарди донишманд ва хушзавқ аст, афкори пучу содалавҳона ва баёни гоҳе сирф авомона, балки гузашта аз он, сохтаю сунъӣ ва аз лиҳози мантиқ хароби бисёре аз мухбирон ва артистони моро беасабоният шунидан наметавонад. Ашхоси каммутолиа имрӯз дар миёни зиёиёни тоҷик кам нестанд. Аксаран аз мутолиа дур мондани муаллимон, мухбирон, духтуру артистони моро аз як ҳиҷои нахусти иброз карда ва аз як ҳаракати соддалавҳонаю ноӯҳдабаронаи онон пай бурдан мумкин аст. Агар дақиқ мулоҳиза фармоед, мебинед, ки доираи мутолиаи ин касон бо ду-се шеъраке анҷом пазируфтаасту бас. Аз ин аст, ки ҳақиқати вазъи фикриву маънавии ононро дарёфта малолат мекашед.
Инсони мутамаддинро боист, ки аз назму наср, илмҳои гуногуни замон — адабиёт, мардумшиносӣ, фалсафа, иқтисодиёт, илми ҳайвоноту наботот каму беш маърифате бошад. Ба гумони ман харобии нутқ ва берангии афкори мардуми моро яке аз сабабҳои асосӣ каммутолиагӣ аст.
Имрӯз, ки мардуми тоҷик дар Тоҷикистон мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикиро муяссар гаштаанд, мо бояд ҳам дар нутқи шифоҳӣ ва ҳам дар навишт тозагӣ ва фасоҳати баланди забони худро нигоҳдор бошем. Дар ивази забони дар ҳама давру замонҳо мушкилкушои форсию тоҷикӣ забони хароби нимчасаводонро ба минбар баровардан нашояд. Боист, ки забони тоҷикӣ баробари мақоми давлатӣ гирифтанаш аз олудагиҳо, аз берангиву харобкориҳо низ покиза бошад. Забони нотиқ нишони маърифату маданияти ӯ, далели ақлу хирад, завқу фаросати вай аст.
Имрӯз агар як шахси андаке хушсавод нусхаеро аз баъзе рӯзномаҳо ва ё барномаи якшабинаи телевизиони тоҷикро аз лиҳози забон ба таҳқиқ мулоҳаза кунад, бе

пешина
аз 393
навбатӣ