Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳеҷ муболаға як дафтари нуқсонҳои авфнопазир хоҳад ёфт. Бинобар он ҳам, барои инсони бамаърифат аксаран хондани баъзе мақолоти рӯзномаҳои мо ва тамошои баъзе аз барономаҳои телевизион сахт гарон аст. Бешак, мо дар идораи рӯзномаю радио ва телевизион қаламкашони хушсалиқа дорем, ҳунарварони дорои фикру андешаҳои амиқ ва забони фасеҳ ҳастанд, вале дар он миён ашхоси камсаводу каммутолиа, тунукфикру кӯрзавқ хеле бештаранд. Ҳангоми муколама чи бо мардони сиёсиву чи бо аҳли илму адаб, чи бо деҳқону коргар аз забони ин тоифа журналистон сухани ҳадафгиру пурмағзро намешунавед, бо фикрашон саволи пурмаъние намеояд, фақат маъна-виёти хеле пасти онҳо дар назарҳо ҷилва мекунанду бас.
Агар тоифае аз журналистони мо фикран оҷизӣ ва сирфан бехабарии худро аз фасоҳат ва сарвати забони модарӣ ба мардум зоҳир кунанду бо иборати дурушту пурхато аз зайли: “Дар деҳа мавҷуд набудани хати оби нӯшокӣ...” ё худ “...Барои аз туберкулёз нигоҳ доштани чорвои калони шахдор чӣ чораҳо дидед?” бо мардум сухан кунанд, гурӯҳи дигар аз паи тақлиди шеваи дарии Афғонистон ва ё форсии Эрон такопӯ карда, ба калимаҳои “далел”, “ҳуҷҷат”, “санад” ва ё “хато”, “саҳв”, “ғалат” чи расида бошад, ки “аснод”, “ағлот” барин луғоти арабии кайҳо аз истифода вомондаро ба кор мебаранд.
Таъиноти мардони бузурги асри мо Садриддин Айнӣ ва Саид Нафасиро дастур бояд гирифт, ки забони тоҷикии покизаю беғашро маҳз порсии асл гуфта буданд.
Ба назари ман, вақт аст, ки аз боби забони рӯзномаҳо ва радиову телевизиони тоҷик гуфтугузоре ба миён оварем.
Ин ҳам шуниданист, ки боре як тан рафиқи зоҳиран зиёинамои тоҷик дар Маскав ба мусофири эроние гӯё ба забони тоҷикӣ сухан мекарду меҳмон матлаби он марди хомандешро нафаҳмида, китф боло мекашид ва дар тааҷҷуб савол мекард: “Оғо, шумо ба кадом забон ҳарф мезанед?” Мардуми форсизабони олам хуб медонанд, ки забонҳои тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ — ҳама аслан як забонанд, агарчи дар луғоти имрӯз баъзе тафовут пайдо кардаанд. Масалан, дар Эрон корхонаи сафолкориро “коргоҳи серомикӣ” мегӯянд, ки барои тоҷикони соҳибмаълумот ҳам ин таъбир нофаҳмост. Ва ба ҳамин монанд калимаю иборати ба якдигар нофаҳмо дар ҳар се шохаи забони имрӯзаи форсӣ ба назар мехӯрад.
Сипас, чи бояд кард, равнақи минбаъдаи забонамонро ба кадом ҷараён бояд андохт?
Ман тарафдори ягонагӣ ва ё баҳамназдикии забони форсизабони дунёам. Шеъри мо чи дар гузашта ва чи имрӯз ба як шева — ба порсии барои ҳама фаҳмо гуфта шуд ва боз мегӯянд. Вале забони шеър одатан дар нисбати забони зиндаи гуфтугузорҳо ба замони куҳан майл дорад. Забони зиндаи мардуми мо, забони соҳаҳои гуногуни илму фарҳанги мо имрӯз аз форсӣ каму беш тафовут мекунад. Пас чи бояд кард? Дар паи ягонагии забони форсизабони дунё аз шеваи аслии тоҷикӣ даст кашидан нашояд. Мо бояд тоҷикиро аз олоишҳо пок созем, он гоҳ ин забони муқаддас ба ҳамаи порсизабонон фаҳмо хоҳад буд. Охир, гаҳвораи тамаддуни мардуми порсизабонон Мовароуннаҳр аст ва забони порсӣ аввалбор дар ин диёр нумӯъ кардааст. Донишвари машҳури Эрон Саид Нафисӣ аз ин хусус чунин нигоштаанд: “Бисёре аз уламои бузург ақида доранд, ки нажоди мо, яъне нажоди ориёӣ дар он сарзамин — дар доманаи кӯҳҳои Ҳиндукуш ва дар канори рӯди Ҷайхун ва Сайҳун нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидааст. Уламои таърих ақида доранд, ки мо аз он ҷо омадаем ва Эрони имрӯза ба манзалаи хонаи дуввуми мост... Шаҳрҳои ободи ин ноҳия, ки мисли Самарқанду Бухорову Балх ва ғайра дорулилми мардуми порс буд...”

пешина
аз 393
навбатӣ