Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҳли илму адаб, пиру ҷавони мардуми тоҷик ҳоло вазифадоранд, ки ин забони муқаддаси бобоёнро аз харобӣ ва олоишҳо покиза нигоҳ доранд ва равнақ бахшанд.
Ба ақидаи ман, равнақи забон ин нест, ки ҳар як қаламкаш безарурат шеваи маҳалли худро чун намунаи забони фасеҳи тоҷикӣ ба кор барад ва ташвиқу тарғиб созад. Ҳеҷ дар тасаввур меоваред, ки агар бобоён дар нисбати забони фасеҳи форсию дарӣ чунин муомаларо раво медиданд, дар тӯли ин ҳазор сол забони мо ба чӣ хараҷу мараҷи харобиоваре мубтало мегашт?! Агар мо имрӯз ин амали шевагироиро ривоҷ бахшем, фардо забони китобҳои моро на фақат мардуми Эрону Афғонистон, балки тоҷикони Осиёи Миёна низ бахше намефаҳманд, бахше ба сахтӣ сарфаҳм хоҳанд рафт, зеро баъзан шеваи ду деҳаи ҳамсоя низ аз якдигар тафовут карданашро ҳама медонанд.
Ин дардҳоро маҳз имрӯз бори дигар гуфтани маро сабаб ин аст, ки қонунан мақоми давлатӣ гирифтани забон ҳам, ҳаргиз мақоми маърифату тамаддунро иваз нахоҳад кард. Фақат дар он ҷое, ки афкори зиндаю шево намурдааст, сухани фасеҳу каломи ширини модарӣ низ намемирад.
Баъзе рафиқони мо худро бемуҳобо донишвари забони тоҷикӣ пиндошта, баъзан даъвоҳое пеш мегузоранд, ки дар ин ҷода бехабарии худи ононро собит мекунанду бас. Масалан, муҳаққиқони мо на як бору ду бор дар матбуот навишатаанду дар маҷлисҳо гуфтаанд, ки дар забони мо ибораҳои аз қабили “рафта истодааст” ё “гуфта истодааст” тасодуфӣ ва ё худ тааррузи бегоназабон нест, балки ин ҳама аз “Авесто” омадааст. Аммо иддае бехабарон ҳанӯз ҳам ба ин таъбирҳо гоҳу бегоҳ ҳамлаваранд. Агар дар забон иборате ба кас писанд наояд, ӯ ҳақ дорад, ки онро ба кор набарад, аммо аз бехабарӣ ба манъи он кӯшидан аз ақл ва тадбир набудагист?
Мубориза ва муҷодала бо васвосияти ҳамагир сахт мушкил аст, зеро донишварон бо ин турфа касони хомандеш баробарӣ кардан намехоҳанд, балки барои мӯрча табар тез карданро барои худ ба беҳуда умрфарсоӣ мешуморанд.

пешина
аз 393
навбатӣ